Таҷлил

ТАНТАНАИ  РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода сокинон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори ин нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқ ва таҷассумгари озодиву Истиқлол бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар сокинони шаҳр роҳпаймоии идона баргузор шуд.
Дар кохи “Дӯстӣ” барномаи фарҳангӣ ба саҳна гузошта шуда, муқаддас донистани Парчами давлатӣ ва дӯст доштани Ватанро дар шеъру тароннаҳо тараннум карданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *