Нуқтаи назар

МУРДАРО МОНДА ТУТХУРӢ?! (ё партитураи оркестри харҳангӣ)

print

Мурдаро монда тутхурӣ?!
(ё партитураи оркестри харҳангӣ)
Аз 16 сентябр инҷониб тоҷикистониён мотам доранд. Дар ғами миллату сарзамин, дар ғами ҷони аскарону афсарони аз тири иғвоандозони қирғиз дар марз бо Қирғизистон ҳалокгардида, дар ғамшарикӣ бо пайвандони ҷигаркабоби он сарсупурдагону он ҷонсупурдагон роҳату оромиро аз дасту роҳатро аз равон додаанд.
Вале дар як гӯшаи дунё, дар Урупо, Урупое, ки муаммоҳои худаш сарборист, Урупое, ки аз демократияи худаш имрӯз сархаму саркафида аст, ду – се падарсаги хоину лаъину кӯрнамаки осӣ “мурдаро монда тутхурӣ” доранд. Бо шиками аз луқмаи ҳаром серу бо тани аз либосҳои “секандхенд” пӯшидаву бо чашмони аз пайсаҳои зи паси парда ба онҳо намоишдода хуморгардида чодари худро густурдаанду тутрезониву тутхурӣ доранд. Санг сӯи Ҳукумати кишвару роҳбарияти олии он меандозанд. Ба ҳар баҳона ин ду ниҳоди муқтадири мардумро муттаҳиду сарбаландсохта ва ба кӯи мурод расонида “сиёҳ” карда истода, тамоми буӯтону туҳматҳои бардурӯғу пур аз лофро бар сари онҳо рехта истодаанд. Лек дар суханрониҳои “пурмуҳтавояшон” сухане аз дифои Ватан ва манфиатҳои он дар ин рҳзи ҳассос, оҳанге аз ҳамдардӣ ба пайвандони ҷоннисоркардагон шунида намешавад.
Бишносед ин лаъинонро: Муҳиддин Кабирӣ, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва ғайра. Ин лаънатзадаҳо мисли одати ҳамешагиашон доду шӯр, ғаму андӯҳ, нолаву фиғон ва дарду алами мардумро мисли хари гӯшдарози кар ношунида мегиранду пой бар болои шаҳидон гузошта роҳ сӯи мақсадҳои нопоки худ мекушоянд. Мутаассифона инчунин хоинон боз аккомпанементи худро низ доранд, ки бо дафу доира ба ҳарзаи ин бепадарони худобехабар оҳанг зам мекунанд. Ва ҳатто таҳти сароидани ин харовозон рақси шикам низ мекунанд, то ки диққати осиёни дигарро ба худу солистони оркестри харҳангиашон ҷалб намоянд. Ба мисли кўри Юнуси Истаравшанӣ (ҳе, садқаи номи поки Истаравшан равӣ!). Ин кӯри Юнус бо чор чашмаш ҳам намебинад, ки Тоқикистон чӣ қуллаҳои мақсудро фатҳ карда истодааст. Намебинад, ки мардум Пешвои худро чӣ андоза эҳтирому қадраш мекунад. Намебинад, ки мардуми тоҷик чӣ қадр майл ба сӯи созандагиҳои бемислу бузург дорад. Намебинад ва ҳатто бо гӯшҳои дарозаш намешунавад низ.
Гуфтори ин ашхосро гар мехониву мешунавӣ, фикр мекунӣ, ки дирами охиринатро ба ин “мискинон” бидиҳӣ. Ин қадар бечораанд, ин қадар бечоранолӣ мекунанд, ки хаёл мекунӣ, аз ин ашхос дида ашхоси осебдидае нест…
Лек инҳо моранд дар симои инсон, каждуманд дар зери бӯрё, комиканд дар ниқоби трагик, раққосаи нимурёнанд бо заҳри зери забон. Ба ҳар роҳу васила мехоҳанд сафи спонсорҳои серпули ҳангоматалабу иғвоангези обро лой карда, моҳӣ медоштаро дар атрофашон сершумул кунанд. Ва ин спонсорҳо низ ёфт шудаанду ин раққосони нимурёнро давра гирифта, ба сару синабанду зери кашу гирди нофу миёни думбаашон пул мечаспонанд.
Вале дар асл онҳо бечораанд, кафангадову ватангадо, ради маъракаву сарқутхур, сарсону саргардонанд. Медонед чаро? Чунки к..ни харро низ бечора гуфтаанд. Бале, аз к..ни хар бештар нестанд онҳо. Пас, дурӣ бояд ҷуст аз ин лаъинон. Дурї бояд ҷуст аз ин бечорагон, то ки наҷосаташон домони поки моро касиф нагардонад.
Агар ҳамин тавр намебуд, онҳо имрӯз ғамшарики ҳалокгардидагони марз мебуданд. Бо он садои баланди равғангирифтаашон аз Урупо бар дифои марзи Тоқикистон бармехестанд. Лек ин тавр нест, чунки “мурдаро монда, тутхурӣ кардан” рисолати аслии онҳост. Вассалом.
Афшини Бижан,
журналист.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *