Сиёсат Хабарҳо

НАВИШТАИ “АХБОР.КОМ” БА МАНФИАТИ ТЕРРОРИЗМ АСТ

print

Дар солгарди қатли чор сайёҳи хориҷии дучархасавор дар ноҳияи Данғара сомонаи “Ахборком”  матлабе нашр кардааст, ки дуруғу фитнаангез аст. Муаллиф тамоми далелҳои дастрасро сарфи назар карда, гуноҳи ин амали террористиро танҳо ба души ДИИШ вогузор кардааст ва гунаҳкори асосӣ – ТТЭ ҲНИ-ро ба забон наовардааст. Ин беҳурматии Мирзои Салимпур нисбат ба  кушташудагони бегуноҳ маҷбурамон месозад, ки чанд сатреро оид ба ин мавзуъ нависем.

Душманон ва хоинони миллат бо мақсади паст задани шаъну шараф ва нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон як сол пеш даст ба қатли сайёҳони хориҷӣ зада буданд. Маҳз дар соли сайёҳӣ рух додани ҳамлаи террористӣ алайҳи сайёҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин амали террористӣ қаблан аз ҷониби хоинони миллат, яъне наҳзатиҳои хунхор тарроҳӣ гардидааст. Натиҷаи тафтишот ва мақолаҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣ нашр шуданд, дигарбора ҳамаро мутмаин сохт, ки ин амал аз ҷониби кӣ роҳандозӣ гардидааст. Даст доштани ТТЭ ҲНИ дар ин ҷиноят исботи худро ба пуррагӣ ёфтааст. Ҳарчанд Мирзои Салимпур идао дорад, ки “бо гузашти як сол далелҳои шайъие ироа карда натавонистанд, ки даст доштани ҲНИ дар ин ҳамларо собит кунанд”, аммо ҳамагон медонанд, ки он ҷинояткорон маҳз парвардаи дасти ТТЭ ҲНИ бунданд. Додситони кулли Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот гуфта буд, ки ТТЭ ҲНИ ин ҳамларо махсус зери пушиши парчами ДИИШ анҷом додааст, то гумонро аз худ дур кунад. Маълум аст, ки байни қотилони ифротии ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ ягон фарқияте вуҷуд надорад. Онҳо ҳар ду ҳам яз як идеология, яъне исломи сиёсӣ, кор мегиранд ва ин барои ҷинояткорон равшан буд.

Миллати тоҷик бо меҳмоннавозӣ ва меҳмондӯстӣ дар байни қавму миллатҳои дигар фарқ мекунад. Ӯ  ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки нисбат ба меҳмон заррае ҳам бошад, беҳурматӣ ё беэътиноӣ зоҳир гардад. Бо вуҷуди он ки ин амали нангинро ташкилоти террористии ДИИШ ба зима гирифта буд, вале ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизби ТТЭ ҲНИ бо ин ташкилоти террористиву экстремистӣ робитаи зич дорад ва аксарияти наҳзатиён пайрави ақидаҳои раҳбарияти ДИИШ мебошанд. Ҳадаф ва мақсади ташкилоти террористии наҳзатӣ аз ин амали нангин, аз он иборат буд, ки дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфу хатар эҷод кунад ва нагузорад, ки сайёҳони хориҷӣ дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кунанд. Бо ин роҳ мехостанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ, яъне муаррифии соли сайёҳӣ ба нокомӣ ва номуваффақиятӣ дучор гардад.

Бо кӯшиш ва ҷаҳду талоши пайвастаи мақомот ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорони ин ҳодиса дастгир ва ба маҳкама кашида шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин созад, ки дар ҳақиқат кишвари сайёҳист. Дигар ба чунин бетартибӣ ва беинтизомӣ, ки аз ҷониби хоинони миллат, яъне ташкилоти наҳзатиёни террорист рух дод, роҳ намедиҳад. Имрӯз кишвар қавӣ аст ва мардум пуштибони асосии он аст. Ин заминасози оромиву ваҳдат аст ва метавонад шумораи сайёҳонро пайваста зиёд намояд.

Айни замон ин душманон ва хоинони миллат, яъне ташкилоти террористии наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар ба бадномсозии давлати худ машғул буда, даст ба иғвоангезӣ ва тафриқаандозӣ мезананд ва кӯшиш доранд, ки давлат ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон ба таври манфӣ муаррифӣ кунанд. Ин мақсади доимии гуруҳи ҷинояткори мазкур аст. Аз ҳамин сабаб онҳо куштори саёҳонро дар як соли пеш тарҳрезӣ карда, бо дасти ҷавонони гумроҳ амалӣ карданд. Мирзои Салимпур бояд мантиқан андеша мекард ва баъд менавишт. Он гоҳ ин хел шарманда намешуд.

Набояд фаромуш кард, ки барои гуруҳи террористии ҲНИ ҳеҷ чиз арзиш надорад, онҳо ба хотири ба даст овардани сарват ва қудрат ба ҳар кор даст мезананд. Куштори сайёҳон ҳам барои онҳо як амали маъмулӣ буд. Террористон бори дигар чеҳраи худро нишон доданд. Агар Мирзои Салимпур аз руйи ҷаҳлу нодонӣ идао мекунад, ки гуноҳи онҳоро собит накарданд, пас бояд аз сари нав ба омӯзиши қазия даст занад. Лекин агар барои гумроҳ кардани хонандааш, ҳадафмандона навишта бошад пас ин ҳам ба монанди Ҳусейн Абдусамадов дар хизмати ТТЭ ҲНИ қарор гирифтааст, ки ояндааш дигар норавшан аст.

Хуршеди Мурод, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *