Фарҳанг

ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ ЯК ДАР «МАВҶИ ОНЕГА». Дастоварди наврасони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ дар Федератсияи Россия

print

ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев — Мадина Шарипова ва Манучеҳри Умедҷон дар Фестивал-озмуни байналмилалии сарояндагони навраси сурудҳои халқӣ «Мавҷи Онега» миёни 30 давлати дунё бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, фестивали мазкур дар Мактаби бачагонаи мусиқии рақами 1 ба номи Г. Синисалои шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия баргузор гардид. Мояи ифтихор аст, ки доварони озмун ба ҳунару истеъдоди наврасони тоҷик, ки суруд ва оҳанги халқиро дар сатҳи баланд иҷро карда, санъати тоҷикро барои ҳамтоёни хориҷии худ ба таври шоиста муаррифӣ карданд, аҳсан хонданд.

Инчунин ин ду навраси соҳибистеъдоди тоҷик рӯзҳои 3-5 июни соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург дар Фестивали байналхалқии эҷодиёти халқ «Деҳаи кӯдакӣ» иштирок карда, бо дипломи ҷашнвора мукофотонида шуданд.

Мадина Шарипова, хонандаи синфи 10, зодаи шаҳри Турсунзода буда, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар бахши сарояндаи жанри эстрада сазовори ҷои аввал гардида, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли равон хонандаи Мактаби хусусии Пулодови шаҳри Хуҷанд Фарзона Назарова дар Фестивал-озмуни байналхалқии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Садбарги Шарқ» («Роза Востока»), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар жанри вокал иштирок намуда, байни қариб 1000 нафар иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардида буд.

Ғайр аз ин, соли равон композитори ҷавони тоҷик Соҳибҷон Ҳасанов дар Озмуни V байналмилалии «Зебоӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷод», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия доир шуд, сазовори ҷойи аввал гардид.

Мавриди зикр аст, ки рӯз аз рӯз санъату фарҳанги тоҷик рушд карда, таваҷҷуҳи насли наврас ба он зиёд мегардад. Имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, инчунин фаъолияти ҳунармандону санъаткорони тоҷик Тоҷикистонро ҷаҳониён мешиносанду ба фарҳанги пурғановати мо баҳои баланд мегузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *