Бузургтарин неъмати давлатдорӣ истиқлолият ва ҳамдилии миллат ба ҳисоб меравад. Халқи тоҷик ба ин неъмати бузурги давлатдорӣ охири асри ХХ шарафёб гардид. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нотавонбинони миллат Истиқлолияти давлати тозабунёди моро халалдор карда, миёни мардум тавонистанд ҷанги таҳмилиро роҳандозӣ намуда, халқро ба ҳам душмман созанд. Мақомоти қудратӣ дар ҳолати фалаҷ гирифтор буд ва дар мамлакат зулму истибдод ҳукмфармоӣ мекард. Ҳокими зулм наҳзатиҳо буданд, ки дар забон исми бузурги Худову дар амал бехудоӣ мекарданд. Мардум ташнаи ваҳдат буду баҳри расидан ба он аз Худо мадад меҷуст.
Шукри Худованди бузург, ки ақли солим ғолиб омад ва Худованд моро аз ҷанги хонумонсӯз раҳоӣ бахшида, ба сулҳи деринтизор насиб гардонид. Албатта расидан ба ин неъмати бузургро Худованд ба миллати мо тариқи абармарди майдони сиёсат муҳтарам Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри ваҳдат мерасанд ва барои ҳифзи он омодаанд.
Мутаассифона, имрӯз баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ бо истифода аз номи поки дини ислом мехоҳанд бори дигар моро ба вартаи ҷудоӣ ва тафриқа андозанд.
Борҳо шоҳиди он мешавем, ки одамон бо дин ва ақидаҳои динии мардум бозӣ мекунанд. Садоҳое шунида мешаванд, ки гӯё маҳз роҳбарон ва пайравони ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ буданд, ки ба тоҷикон сулҳ оварданд – «қаҳрамонони миллат», «ғамхорони мардум»!? Аммо дар асл масъала тамоман дигар буд. Имрӯз ошкор гардид, ки шуълаи ин ҷангро кӣ афрӯхт. Агар ҷанг намебуд, эҳтиёҷ ба сулҳ мемонд? Ва чӣ боис шуд, ки иқдом ба сулҳ карда шавад. Аввалан ҷонфидоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тоҷиконро сари як миз овард ва дар натиҷаи кӯшишҳои зиёд қарордоди сулҳ имзо гардид. Сониян ноилоҷӣ ва парокандагии гурӯҳҳои мухолиф буд, ки баъд аз куштори мардум, муқобили якдигар бархоста, ҷангҳои дохилиро оғоз намуданд. Дар натиҷа дастаҳои ғоратгари собиқ мухолифини тоҷик пайдо шуда, ба талаву тороҷ ва куштори мардуми осоишта пардохтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи талхе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронид, азияту фоҷеаи мардуми ҷангзадаи Сурия, Яман, Либия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳоро ба таври амиқтар эҳсос мекунад. Ба хусус ҳангоме, ки қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯ бо суистифода аз боварҳои динии мардум мехоҳанд мақсадҳои нопоки хешро дар кишварҳои мусулмоннишин амалӣ намоянд оқибати он фоҷеабор аст.
Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеа, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид қайд намуданд:
«Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.
Пас, ин ҳама амалҳо натиҷаи кирдори одамон мебошанд, яъне дар саргаҳи ин ҳама беназмиҳо бесаводӣ, сатҳи пасти маърифат ва ҳатто ҷаҳолати худи инсон қарор дорад. Тавре мегӯянд: – “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост».
Имрӯз мову шуморо зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ расида, аз он бо ҷону номуси худ ҳимоят намоем. Зеро ҳамин самараи ваҳдат буд, ки имрӯз мо зиндагии орому осуда дорем. Маҳз бо туфайли ваҳдат мақому нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафт. Ҷумҳурии мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, шаҳри Душанбе аз ҷумлаи зеботарин пойтахтҳои минтақа шуморида шуд.
Дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷиҳати рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ корхонаҳои азими сементбарорӣ, коркарди маъдан, коркарди мева, пахта, нерӯгоҳҳои барқӣ истеҳсоли маҳсулоти нав ва ғайра сохта, ба истифода дода шуданд. Роҳҳои кишвар аз навсозӣ гардида, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, роҳҳои нави ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ сохта шуданд.
Сохтмони НОБ-и Роғун, ки давоми солҳои ҷанги шаҳрванди ба харобазор табдил шуда буд, айни ҳол сохта ба истифода дода шуда, фаъолият дорад.
Ҳамчунин самараи ваҳдату субот буд, ки мардуми кишвар озодона корҳои худро анҷом медиҳанд. Ваҳдату оромӣ ва шароити мусоиди аст, ки ҳамасола ба кишвари мо ҳазорон сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, ба урфу одат ва фарҳанги волои мардуми мо шинос мешаванд.
Бале, ин ҳама дастовардҳои бузург, самараи неъмати бебаҳои ваҳдат ва сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон мебошанд. Вале моро зарур аст, ки дар шароити имрӯза, ки хатарҳои гуногун оламро фаро гирифтааст, зираку ҳушёр буда, ба қадри ин неъматҳои бебаҳо расем.
Пас биёед, ваҳдату якдилиро боз ҳам мустаҳкамтар карда, ҳама якҷоя дар обод кардани Ватани худ кушиш кунем.
НАРГИС ИБОДУЛЛОЗОДА