Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, канори каналу ҷӯйборҳо, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони шаҳр ва ҷалби бештари шаҳрвандон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист дар соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент ва каналу заҳбурҳои ҳудуди шаҳр аксияи “Тозагии соҳил-2019” гузаронида шуд.
Дар рафти тозакориҳо беш аз 1000 нафар сокинони шаҳр иштироки фаъолона дошта, дар тозагии соҳил саҳми муносиби худро гузошта, дар натиҷа аз канори соҳил беш аз 16 метри кубӣ партовҳо ҷамъ ва ба партовгоҳҳо интиқол гардид.