Об! Оби софу зулол! Асоси зиндагии табиат, покизатарин муъҷизаи олам! – Об! Бузургтарин неъмате, ки баҳри инсоният ато шудааст. – Об! Медонӣ, ки ту сарвати бебаҳо, сарчашмаи зиндагӣ, манбаи асосии пойдории табиат ҳастӣ! Ту ибтидои ҳамаи ободиҳо, хушбахтии мавҷудият ҳастӣ! Бе ту сарсабзии боғу чаманзор, гулгулшукофии гулзору кӯҳсор, ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам нест, зеро ки бе об ягон тухмӣ неш зада намебарояд ва дар зиндагӣ бо таровату зебоии худ сарсабзӣ намебахшад. Ту яке аз боигариҳои табиати биҳиштмонанди Тоҷикистони зебоманзар мебошӣ! Бе ту ягон мавҷудоти зинда умр ба сар намебарад ва туро барои худ зарур меҳисобад,ки ин дуруст аст. Эй оби ҳаёт! Ту дар фасли баҳори нозанин ҳамчун чакраборони ҳаётбахши мафтункунанда,дар фасли тобистони пурҳарорат дар сирати оби чашмаю ҷӯйҳои ҷӯшону шодон,дар фасли охирҳои тирамоҳи зарнисор мисли хабардиҳандаи зимистони нуқрагин дар болои сабзаҳои замини хоболуд намуди қираву шабнами яхмонанди ялтирроси ҷалбкунанда,дар фасли зимистони сербарф бошад,бо нақшу нигори аҷиби дар шакли порчаҳои барфи тару тозаи шефтакунанда дар қалби хар як шахси бедордил ҳузуру ҳаловати беқиёс мебахшӣ! Ту гоҳо мисли абри сиёҳ,гоҳо ба қатраҳои хурди найсаборон,гоҳо ба буғи сабуки шаффоф,гоҳо ба ях мубаддал мегардӣ. Эй, оби тозаи зулоли диёри кӯҳсори мо! Ту низ барои табобати бисёр бемориҳо доруи хуб ҳастӣ! Мо медонем,ки ба воситаи ҷӯшондани об бактерияҳои бемориоварро нест мекунему аз оби софу поктарини табиат нӯшида,шукри ба ин неъмати нодири Офаридгор мекунем ва ту дар як муддати кӯтоҳ руҳи инсонро болида намуда,ба ҷисму ҷони одам роҳату дармони нотакрору дилошӯби дилангез туҳфа мекунӣ. Барҳақ,ту оби ширину шаффофу манбаи ҳаёт, дар ҳақиқат шифобахш ҳастӣ, аз қадимулайём аҷдодони бузургу донишмандони мо исбот карданд,ки ту хосияти табобатӣ дорӣ! Дар кишвари биҳиштосоямон обҳои шифобахшандаи беғубори чашмаҳо мавҷуданд,ки дар он чашмаҳо обҳои гарму сарду бегазу газдошта,минералӣ аз қаъри Замин-модар фаввора зада баромада, ба фарзандони Замин-инсоният бо чакраҳои ҳаётбахши худ аз чандин бемориҳо табобат ёфтан сабаб мешавад. Вуҷуди одаму оламро пок месозад оби мусаффо. Эй, муъҷизоти олам! Вақте ки аз оби зулолу фоидабахши чашмаҳои кишвар як каф гирему нӯши ҷон кунем,аз лаззати чунон ширину мусаффои ту баҳра мебарему дар дилҳоямон сурури ачиб,ба дидаҳоямон нур,ба табъамон болидахотирӣ меориюба дилҳоямон таскин дода,ба дардҳоямон шифо мебахшӣ. Зеро ки хусусиятҳои шифобахши оби муолиҷакунандаи чашмаҳо садҳо сол пеш ба инсоният маълум аст. Имрӯзҳо мо медонем,ки об дар ҳар як лаҳзаи ҳаёти инсон зарур аст.Хар рӯзи мо бевосита бо истифодаи об мегузарад.Оре,аз синни тифлакӣ то нафаси охирини одамизод ба об эҳтиёҷ дорад. Агар аз пеши ҷӯйчаҳои равон гузарем, садои форами шилдир-шилдири обҳои ҷӯйчаҳо беихтиёр шахсро ба худ ром мекунад.Мехоҳӣ,ки муддате дар назди ҷӯйчаҳои серобу шодобу якмаром нишаста,дурудароз ба оби осудаю равон нигарию бо тамоми ҳастият ба навои фораму рӯҳбахши об, гӯш андохта, даме аз ташвишу оворагардиҳои дунё худро дар канора гирӣ! Дар каф аз ин неъмати беҳамто гирифта, ҳаловат барӣ! Дар он вақт дар дил шодмониву хушҳолӣ эҳсос мекунию, аз фаровонии об шукрона мегӯӣ. Беҳуда намегӯянд, ки “Оби равон-роҳати ҷон”. Аз ин рӯ, мо, фарзандони замин бояд аз об сарфакорона истифода барем ва ҳамеша дар ҳифзи покизагии он кӯшиш намоем. Қобили зикр аст, ки дар ин бора ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои Миллат,Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи мо намунаи ибрат аст. Бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои муаззами миллат соли 2003-юм ҳамчун Соли байналмилалии “Оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуда буд ва дар арсаи байналмилалӣ дар ҳалли ин масъалаи глобалии ҷаҳон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда буд. Боз як иқдоми неки Пешвои миллат дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал” Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ироа шудааст,ки ин ташаббус аз ҷониби 177 давлати аъзои ин Созмон чонибдорӣ карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,солҳои 2018-2028”чунин иброз доштанд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз,метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто,балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”. Ин суханҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат ҳамаи моро водор месозад, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар яки мост. Хушбахтона, Тоҷикистони мо, диёри сероб буда,яке аз сарчашмаҳои оби нӯшидании минтақа ба ҳисоб рафта,мо аз сероб будани сарзамини аҷдодиамон ҳамеша бифахрем ва ба қадри ин неъмати Худодод бирасем. «Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад, Ва об аз куллаи Боми Ҷаҳон сарчашма мегирад. Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр, Зи фазли Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад». Насибахон ҲАСАНОВА, омӯзгори муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» – и шаҳри Турсунзода
Сабтҳои охирин
БУНЁДИ БОҒИ ХОТИРА
Ба пешвози 75 солагии Ғалаба бар фашизм дар МТМУ№12 деҳаи Қаратоғ “Боғи хотира” ба хотираи иштирокчиён ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини якуми рариси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода, муовини сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Шамсутдинов Шамил Фоатович, намояндагони Маркази илмию фарҳангии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва афсарону […]
ТАНТАНАИ РӮЗИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист, дар майдони Парчами давлатии шаҳри Турсунзода, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони соҳа, доираи васеи кормандон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ибтидо меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ аз намоишгоҳи экологӣ, ки аз намунаи ҳунарҳои дастӣ, гӯшаи зинда, рамсҳои экологӣ ва гӯшаи нозирони сабз […]
СОҲИЛБАНДӢ. ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин, иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор, дар мавсими пастшавии маҷрои об дар деҳоти соҳилнишини шаҳр ҳамарӯза корҳои дастаҷамъонаи соҳилбандӣ идома доранд. Ба иттилои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри […]