Иқтисодиёт

ШАФФОФИЯТ ДАР ИҶРОИ БУҶЕТ – ОМИЛИ РУШД

print

Бо назардошти нақши муҳими буҷети давлатӣ дар таъмини рушд ва устувории ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар зарурияти пайваста такмил додани низоми идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла таъмини пурра ва оқилонаи ҷараёни буҷетӣ ба миён меояд.

Яке аз асосҳои таъмини пурра ва оқилонаи буҷет ин шаффофият дар баррасии иҷрои он мебошад. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар соли 2018  як қатор корҳоро амалӣ намуд.

Нақшаи буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,1 фоиз иҷро шуда, 149,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 3 млн. 351 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи умумии андозҳо (контингент) 101,1 % иҷро шуда, ба буҷет 125,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 1 млн. 305 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2018 қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 98,0 фоиз иҷро шуда, 120 млн. 533 ҳазор сомонӣ хароҷот гардид, ки нисбати нақша 2 млн.76 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Хароҷоти соҳаҳо ба чунин тарз иҷро гардид:

  1. Мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 93%-3,7 млн. сомонӣ;
  2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 86% – 646,5 ҳаз. сомонӣ;
  3. Маориф 98% – 77,3 млн. сомонӣ;
  4. Нигаҳдории тандурустӣ 99% – 28,9 млн. сомонӣ;
  5. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 93% -515,6 ҳаз. сомонӣ;
  6. Хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 % -5,1 млн. сомонӣ;
  7. Фарҳанг ва варзиш 99% -3,4 млн. сомонӣ;
  8. Хоҷагии қишлоқ 91% -504,7 ҳаз. сомонӣ;
  9. Нақлиёт ва коммуникатсия 100%-500,0 ҳаз. сомонӣ.

Аз маблағҳои хароҷотшуда 97,6 фоизи он барои музди меҳнат, андозҳои иҷтимоӣ, моддаҳои ҳимояшаванда ва хароҷотҳои мақсаднок равона гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетие, ки ба воситаи Раёсати молия маблағгузорӣ мешаванд, 34 млн. 139,5 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт шуд. Аз ҷумла:

– андоз аз даромади ташкилотҳои буҷетӣ – 9 млн. 221 ҳазор сомонӣ;

 -воридоти ғайриандозӣ аз ташкилотҳои буҷетӣ – 1 млн. 534 ҳазор сомонӣ;

-андоз аз воситаҳои нақлиёт – 33,5 ҳазор сомонӣ;

-андози иҷтимоии ташкилотҳои буҷетӣ – 23 млн.351 ҳазор сомонӣ.

Инчунин барои хизматрасонии коммуналӣ маблағҳои зерин хароҷот гардид:

 – барқ – 1048,5 ҳазор сомонӣ;

 – об – 882,2 ҳазор сомонӣ;

 – партовбарорӣ  – 334,4 ҳазор сомонӣ;

 – алоқа  – 74,4 ҳазор сомонӣ;

 – суғурта – 136,1 ҳазор сомонӣ;

 Бояд қайд кард, ки соли 2017 бо таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, хусусан дар соҳаи саноат, нақшаи буҷети маҳаллӣ 86% иҷро шуда, ба буҷети шаҳр 15,1 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид. Ин ҳолат боиси қарздории 11,1 млн. сомонӣ аз музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ ба санаи 1 январи соли 2018 гашта буд.

Дар соли сипаригашта ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти шаҳр буд, ки буҷети шаҳр барзиёд иҷро гардида, қарздории музди меҳнати соли 2017 дар ҳаҷми 11,1 млн. сомонӣ бартараф, музди меҳнат ва нафақаи соли ҷорӣ пурра пардохт гардиданд.

Доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», ки 26 ноябри соли 2018 таҳти №1553 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Раёсати молия санаи 28 декабри соли 2018 дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ (даъвати панҷум) буҷети шаҳри Турсунзода аз рӯи даромад дар ҳаҷми 138 млн. 315 ҳазор сомонӣ ва хароҷот – 135 млн. 544 ҳазору 513 сомонӣ барои тасдиқ пешниҳод гардид. Фарқияти 2 млн.770 ҳазору 487 сомонии қисми даромад ба ҳиссаҷудокунӣ аз андози арзиши иловашуда ба андозаи 19% сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар шудааст. Инчунин ба вакилон нақшаи андози иҷтимоии шаҳр ба маблағи 48 млн.181 ҳазору  358 сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 24 млн.324 ҳазору 840 сомонӣ ва аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 23 млн.856 ҳазору 518 сомонӣ пешниҳод гардида, он аз ҷониби вакилони халқ дастгирӣ ёфт.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар 26 декабри соли 2018 таъкид намуданд, ки: “Мо бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем.” Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки барои зиёд кардани қисми даромади буҷет саҳми арзанда гузорем ва Раёсати молия пардохти саривақтии музди меҳнат, андозҳои иҷтимоӣ ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетро зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷетӣ дар соли 2019 чораҳои зарурӣ меандешад.

Рустам Турсунзода,

сардори Раёсати молияи

шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *