Мақолаи «Расонаи Америкоӣ, ки ҲНИТ-ро ба террор маҳкум карда буд, ақидаашро тағйир надодааст» – ро хонда, бори дигар ба хулосае омадам, ки ҳарзаву ҳовагӯёни наҳзатӣ даст доштани узви худро дар куштори сайёҳон инкор мекунанд. Дар сурате, ки ҷинояткорон аз даст доштани худ ба ин амали террористӣ иқрор шудаву адвокатҳои онҳо низ иштирокашонро дар ин амали зишт ошкоро гуфтаанд. Пас суоле ба миён меояд, ки ҳой, Бобоҷон Қаюмов, чаро мардумро ба гумроҳӣ мебаред?
Модоме, ки гунаҳкор Ҳ. Абдусамадов ба ҷинояти худ иқрор шуда, фармондиҳандагони амалиёти террористиро ошкоро номбар мекунад, ки Кабирӣ ва қорӣ Носир мебошанд, рад кардани Шумо чӣ маънӣ дорад?
Агар фаъолияти наҳзатиҳоро рӯи коғаз оварем, он китоби хунини миллат хоҳад буд. ТЭТ ҲНИ-ро мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷинояткориву тахрибкорӣ ва куштор даъват накардааст. Баръакс, ба хотири пойдории сулҳу амният, якдиливу якпорчагии миллат новобаста аз оне ки фаъолияти ҳизб ба хуни мардуми бегуноҳ олуда аст, давлати тозабунёди навин фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро қонунӣ намуд. Мардум аз ҳисоби аъзои ҳизб баробари 7 ҳизби дигар вакили Парлумонро интихоб кард. Аммо ТЭТ ҲНИ дар ҷавоби боварии халқу давлат чӣ кор кард? Кадом барномаҳо ва амалҳои созандагиву бунёдкориро пеш гирифт? Хеҷ кадомро!!! Дар минбарҳо аз дину оин гуфту дар паси парда яроқ ҷамъ овард, то борони тир ба сари мардуми бегуноҳ резад. КУштори шахсиятҳои барҷаста ва ҳодисаҳои сентябри соли 2015-ро ҳама дар хотир доранд. Ин сияҳдилон гумон карданд, ки агар 50 – 60 нафар бо яроқ бархезанд, мардуми дигар низ ба онҳо мепайванданд. «Хестӣ, ки хоб ҳастӣ, Кабирӣ…»
Мардуми сулҳдӯсти Тоҷикистон атрофии Хукумат ва муҳтарам Пешвои миллат сарҷамъ ва аз пайи ободӣ аст, на ҷангу ҷидол! Акнун дар Аврупо, афсонаҳо мегӯиву мардумро ба ҳарфи ботил алайҳи оромӣ ба шӯр меорӣ?! Чӣ ҷои баҳсу мунозира аст. Чӣ ҷои худсафедкуниву гумроҳсозии мардум аст? Магар ин ҳарфҳо барои Бобоҷон Қаюмов нав аст? Не албатта. Ин гуруҳи хуношом ташнаи хуну ҷангу ҷидол аст. Хуни сайёҳонро дар Ватан рехтан, нақшаи ҷӯйи нави хунро рехтан дошт… Саҳнабозиҳои Варшава маънии дар паси пардаи «озодиву демократия» панаҳ бурданро дошт. Ҳама ҳаракатҳо беҳудаву бенатиҷа монданд…
Акнун наҳзатиҳо баъд аз бохтҳо дар ҳама самтҳо чун мори захмин мепечанду боз неш задан мехоҳанд…
Аз ин лиҳоз, кӯшиши Бобоҷон Қаюмов барои сафед кардани ҳаммаслаконаш беҳуда аст.
Халқи сарбаланди мамлакат марому максади наҳзатиҳоро ба хубӣ медонад, шарт нест, ки ташкилоту расонаҳои хориҷӣ дар ин хусус сухане гӯянд, он чиз ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест…
Мақсади асосии ин ҳизб паст задани шаъни миллат, иғвогариву дасиса ва ифротгарӣ буда, меҳоҳанд дар Ватани азиз нотинҷӣ ҳукмфармо бошад.
Аммо хушбахтона боз тирашон пош ҳӯрд ва минбаъд низ ба мақсад намерасанд. Зеро наҳзатиҳо аз номи Худованд сухан гуфта, аввал худашон ҷазои Худовандро фаромӯш кардаанд. Ва тамоми бохти онҳо дар ҳамин аст. Исми Худовандро ба забони нопок мегиранд ва аъмолашон алайҳи гуфтаҳои Худост…
АҲМАД САИД