Хабарҳо

ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ СОҲИБКОРОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Дар доираи кори  Форуми  сеҷонибаи доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Корея, ки санаи 10 октябр  дар шаҳри Душанбе  дар арафаи   Рӯзи соҳибкорон баргузор  шуд, иштиролкчиёни Форуми мазкур  ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар назди КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  ҳайати меҳмононро раиси шаҳр Абдуқодир Вализода дар фазои тантанавӣ пазироӣ намуд.

Баъдан меҳмонон аз бинои чоруми сехи электролиз ва Шуъбаи реҳтагарии корхона дидан намуда, бо технологияи истеҳсолот ва намунаи маҳсулоти коргоҳҳо шиносоӣ пайдо намуданд.

 Дар идома меҳмонон аз ангурбоғи хочагии деҳқонии Ватан дидан намуда, вобаста ба парвариши навъҳои ангур, усулҳои павариш ва нигоҳдории он бо токпавари шинохта Неъмат Усмонов суҳбат ороста, бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

Котиби матбуотии раиси шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *