Фарҳанг

ТАНТАНАИ РӮЗИ ФАЛАК ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Санаи 10-октяр дар баробари дигар гӯшаҳои Ватани азизамон  Рӯзи Фалак аз ҷониби санъаткорнони шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифта шуд.

 Шоми фалак  дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳр барпо гардида,  аъзои дастаи “Фалак” ба мухлисони санъат барномаи  ҷолиби фарҳангиро пешниҳод намуданд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳр Абдуқодир Вализода баромад намуда, иброз дошт, ки мусиқии суннатии фалак, аз қаъри таърих ҳамчун мероси бузурги фарҳангӣ то ба рӯзгори мо омада,  ғановати маънавии мардумро бори дигар собит менамояд.

 Дар хотима раиси шаҳр ансамбли “Фалак”-ро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *