Фарҳанг

ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

print

Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо шукӯҳи хоса  баргузор гардид. Дар чорабинии идона, ки дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳр баргузор шуд, намояндагони корхонаву ташкилот, сокинони шаҳр, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоон ва меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон иштирок намуданд. Бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, ҷамоатҳои деҳот, шуъбаи манзиливу коммуналӣ ва ҳоҷагидории шаҳр, соҳаи рушди иҷтимоӣ намоиши маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои варзишӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ба  ҷашн ҳусн ва шукӯҳи тоза зам намуд.

Дар қисми тантанавӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода зимни сухани табрикӣ  иброз дошт, ки  Истиқлолият бо эҳсоси ватандӯстӣ ва нангу номуси халқи шарафманди мо пайванд буда, дар даврони соҳибистиқлдолӣ мардуми Тоҷикистон бо меҳнати софдилона ба пешравиҳои бузург ноил гардиданд. Шаҳри Турсунзода низ тараққӣ карда, корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, боғу токзор, биноҳои муосири маишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдонҳо, толорҳои варзишӣ ва маҷмааҳои савдову хизматрасонӣ бунёд гардиданд. Ҳар сокини шаҳр имрӯз ифтихор менамояд, ки шаҳри Турсунзода ба шаҳри  орзуҳо, диёри дӯстии халқҳо ва ба яке аз минтақаҳои зебои мамлакат мубаддал гардидааст.

Раиси шаҳр дастовардҳои сокинони меҳнатдӯст шаҳрро қайд намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатиро мардуми ободгари шаҳр борӯҳияи баланди бунёдкориву созандагӣ истиқбол мегиранд. Дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ соли ҷорӣ корҳои созандагиву буёдкорӣ вусъат ёфта, дар шаҳр 2 бинои баландошёна иборат аз 88 ҳуҷра,  беш аз 50 синфхонаҳои иловагӣ,як китобхона, як маркази саломатӣ, як сардхона, таъмири мукамали зиёда аз 10 км роҳҳо, ҳамчунин як қатор марказҳои хизматрасонии маишӣ, майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки туҳфаи арзандаест ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ.

Дар идома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ баромад намуда, ба ифтихори солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон салому паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода расонид. Аз номи Сарвари давлат таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдорӣ азму талош намуда, бо  меҳнати софдилона намуда, ҷиҳати шукуфоии Ватан кӯшиш саҳмгузорӣ менамоянд.

Ҳамчунин Ватанзода М.бо эътимоди комил изҳор намуд, ки сокинони шаҳри Турсунзода  минбаъд низ бо эҳсос ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар бахшида, шаҳри Турсунзодаро, ки дарвозаи ғарбии Тоҷикистон ва шаҳри дӯстиву бародарӣ ба ҳисоб меравадл,  ба шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд.

Муовини якуми раиси вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобалов Тӯра  аз номи мардуми халқи  дӯсту бародари ӯзбекистонӣ сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбошӣ намуда, изҳор дошт, ки ду давлати дӯсту бародар дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Сарварони давлатҳо ба давраи нави ҳамкориҳои стратегӣ расида, ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои мутақобиланд судманд қадамҳои устувор гузоштанд.

Сипас, тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии ҳунармандони шубаи фарҳанги шаҳр, санъаткорони шинохтаи Ватан,  аз ҷумла Амриддин Кабир ва Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии ӯзбекистон Ҳосила Раҳимова, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

КОТИБИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *