Иҷтимоиёт

КИТОБИ НАВ

print

Чанде қабл китоби нави корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми тиб Муродов Файзулло ва Муродов Камолиддин  бо номи «Андешаҳои хирадмандона, иқтибосу фармудаҳо дар бораи солимӣ, тиб ва табибон» бо забони русӣ ба нашр расид. Китоб аз 190 саҳифа иборат буда, саршори ҳикмат аст.  Дар китоб хизматҳои арзишманди табибон ҳамаҷониба инъикос ёфта, таърихи илми тиб басо мухтасар ва равшан баён гардидааст. Ҳамзамон дар «бобҳои алоҳидаи он Қасами байналмилалии табибон», «Қасами табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Қасами Гиппократ» ва ғайра ҷой дорад, ки ин ҳуҷҷатҳои муҳим барои имрӯзу фардои кормандони соҳа ҳамчун дастури фаъолият хизмат мекунад.

Китоби тозанашр боз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар саҳифаҳои алоҳида муаллифон дар бобати ҳамкории табиб ва ҷамъият, муносибати табибу корафтода, табибу коллективи тиббӣ, этика ва деонтологияи тиббӣ возеҳ маълумот дода, аз вазифаю рисолати духтурон ёдовар шудаанд. Гузашта аз ин дар китоб роҷеъ ба солимӣ, табибон ва тиб, дорую даво, аҳамияти тарбияи бадан ва меҳнат, муносибати инсон ва табиат, хислатҳои зарароварӣ одам, мақолу зарбулмасалҳо оид ба тандурусӣ андешаҳои басо ҷолиби бузургони илми тиб баён гадидаанд, ки он арзиши асарро дучанд гардонидааст.

Хонанда аз мутолиаи китоби мазкур баҳравар хоҳад шуд. Чаро ки солимию сиҳатӣ дороии асосии одам аст.

Файзалӣ ШУКУР

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *