Санаи 2 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи чордаҳуми (даъвати панҷум)-и Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода баргузор шуд, ки дар он даҳ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони масъули воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Иҷлосияро вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии «Шаҳраки якум» №6 раиси комиссияи одоби маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Акрамзода П. ифтитоҳ бахшида, бо рӯзномаи иҷлосия ҳозиринро шинос кард.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия раиси комиссияи шаҳрии интихобот Шоимардонов О. аз натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботии «Сешанбе» №27 ахбор пешниҳод кард. Қайд гардид, ки санаи 25 марти соли равон интихобкунандагон дар ҳавзаи «Сешанбе» №27 ба ҷонибдории номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Вализода Абдуқодири Исуф 96,8 % овоз доданд.
Вобаста ба ин лоиҳаи қарор «Дар бораи эътироф намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф», лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба ҷонибдорӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Вализода Абдуқодири Исуф ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода» ва раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода интихоб шудан барои баррасӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.
Раиси комиссияи Одоби маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Акрамзода П. аз номи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализодаро ба муносибати интихоб шудан ба ҳайси раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода табрик намуд.
Дар идома А. Вализода аз интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Сешанбе» №27 ва вакилон ҷиҳати боварӣ ва интихоб ба ҳайси раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода арзи сипос намуда, аз вакилон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар ҳамдастӣ кору фаъолиятро бояд вусъат бахшид.
Зимни баррасии масъалаи навбатӣ вакилон вобаста ба нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳои минбаъдаи мақомоти намояндагӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, мубодилаи афкор намуда, лоиҳаи онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №95 «Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» лоиҳаи Низомномаи комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар ҷараёни иҷлосия ҳамчунин ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила Холова Солеҳа шунида шуд.
Аз ҷониби раиси маҷлиси вакилони халқ таъкид шуд, ки аъзои комисияро мебояд корро дар самти шуғли аҳолӣ хусусан занҳо ва бонувони деҳот корро ҷоннок намоянд. Дар ин радиф вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноят аз ҷониби занҳо ва наврасон ба мақсад мувофиқ буда, фаъолияти Шӯрои духтарон ва занон, ташкилотҳои ибтидоии ҷавонон ва ҳизбӣ дар музофот аз манфиат холӣ нест.
Вакилон дар идома масъалаи дар ҳавзаи интихоботии «Истиқлол» №10 –ба ҷои вакили хориҷшуда таърихи 1июли соли 2018 баргузор намудани интихоботи вакили навро тасдиқ намуданд.
Дар охир вакилони халқи шаҳрӣ қарорҳои раиси шаҳри Турсунзодаро, ки дар байни иҷлосияҳои сенздаҳум ва чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) қабул гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, қарори дахлдор қабул намуданд.
Маркази матбуоти раиси шаҳр