Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

ҲАМОИШИ ЁВАРОНИ ҶАВОНИ МИЛИТСИЯ

print

       Санаи 2 марти соли равон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳи «Авангард»- и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Ба ин муосибат дар кохи «Дӯстӣ» таҳти раёсати и.в. Раиси шаҳр муҳтарам Абдуқодир Вализода, иштироки гурӯҳи «Авангард» ва ҷавонони фаъоли шаҳр  ҳамоиши ботантана баргузор шуд. Зимни суханронӣ  А. Вализода  қайд намуд, ки  бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу амонӣ дурахшон, парчами сулҳу ваҳдат парафшон  ва рӯзгори осуда ҳукмрон буда,  ҷавонони кишвари маҳбуби мо дар баробари омӯзиши илму фан ба Ватан  содиқона хизмат карда, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъияти мамлакат фаълона иштирок менамоянд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки  ҳамкории насли ҷавон бо милитсия омили пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварона тарбият менамояд.

      -Имрӯз дар толор маҳз ҷавононе нишастаанд, ки ҷомеа ба онҳо такя мекунад, умед ва ифтихор дорад. Сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарварона гурӯҳи ёварони ҷавони милитсия – «Авангард»-ро таъсис  додааст.  Ин иқдоми созанда дар шаҳри Турсунзода низ аз соли 2016 фаъолият дошта, 50 нафар ҷавонону бонувони  коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳр ба гурӯҳи «Авангард» шомил буда, дар корҳои ҷамъиятиву сиёсии  фаъолона ширкат варзида, намунаи ибрати ҳамсолони худ гардидаанд, – иброз дошт раиси шаҳр. Дар идома А. Вализода изҳор дошт, ки ташрифи аъзои «Авангард» -и шаҳри Душанбе ба шаҳри Турсунзода ва баргузории ҳамоиши мазкур ҳамкории ҷавононро бо милитсия тақвият бахшида, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд. – Боиси зикр аст, ки аъзои гурӯҳи «Авангард» – и шаҳри Турсунзода соли сипаригардида дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи зеҳнӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон саҳми муносиб гузоштанд, – қайд намуд А. Вализода. Баъдан намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Фаттоҳзода, сардори ШКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзда  М. Искандарзода, сардори гурӯҳи «Авангард»-и шаҳри Душанбе Н. Азизов вобаста ба ҳамкориҳои судманди ёварони ҷавони милитсия дар самти пешгирии қонуншиканиҳо,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб баромад намуданд. Дар ҳамоиш тибқи Фармони вазири Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 феврали соли 2018, №128 барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб як қатор фаъолон бо Ифтихорномаҳои Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Дар идома аъзои гурӯҳи «Авангард»  шеъру таронаҳои ватанпарваронаро иҷро ва  аз Осорхонаҳои марказии шаҳр  дидан намуданд. Дар хотима ба меҳмонон дар чойхонаи «Ваҳдат» барномаи фарҳангӣ  бо иштироки ҷавонон ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр намоиш дода шуд.

Маркази матбуоти раиси шаҳр    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *