Имрӯзҳо Бахши ИНТ дар шаҳри Турсунзода бо роҳбарии Абдуқаҳҳори Қосим, ҷиҳати таблиғу ташвиқи мусиқӣ ва шеър, ки тавониста бошад на фақат дар сатҳи шаҳру ҷумҳурӣ балки миқёси байналмилалӣ-адабиёт, санъат, сулҳу дӯстӣ ва ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро инъикос карда бошад, корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Дастовардҳо низ назаррас мебошад. Ёдовар мешавем, ки соли 2017 бо се шеъри ба забони руссӣ эҷоднамудааш шоир Абдуқаҳҳори Қосим аз миёни иштирокдорони давлатҳои муштаракул манофеъ ва берун аз он дар қатори 14 нафар дипломанти фестивали VI-уми байналмилалии кушоди мусиқӣ ва шеъри “Ялос” гардида буд.
Имсол бошад, узви маҳфили адабии “Ворисони Турсунзода” Владислав Валов бо ду суруди эҷоднамудаи роҳбари маҳфил Абдуқаҳҳори Қосим “Дворец Арбоб” ва “Лампа Аладдина” дар номинацияи мусиқӣ ва шеър дар қатори 9-нафар, ғолиби фестивал дониста шуда ба шаҳри Ялта ҷиҳати ширкат дар чорабинии тантанавӣ роҳхат гирифт. Боиси тазаккур аст, ки суруди “Дворец Арбоб” (Қасри Арбоб) ба Иҷлосияи XVI-уми тақдирсоз, ки дар Қасри Арбоб баргузор шуда буд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, ваҳдати тоҷикон ва пирӯзии ақл бар ҷаҳолатро инъикос мекунад. Инак ин суруд тавассути овозхони мумтоз Владислав Валов метавонад дар фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Ялтаи Федератсия Русия садо дода, Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.
Аҳли маҳфили адабии “Ворисони Турсунзод” бори дигар исбот карданд, ки вориси воқеии мунодии сулҳу дӯстӣ, шоири ширинбаён Мирзо Турсунзода буда, идомадиҳандагони роҳи устоди зиндаёд мебошанд.