Санаи 18 декабри соли равон дар маркази фарҳангии деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Навобод вохӯрии раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии №10 (сокинони деҳаҳои Истиқлол-1, Истиқлол-2, Темурмалик ва деҳаи дурдасти Шулум) баргузор шуд.
Саломзода Сиҷоуддин мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи вохӯрӣ шинос карда, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода дар соли 2017 сухан кард. Қайд намуд, ки соли равон новобаста аз мушкилоти иҷрои нақшаи буҷет дар шаҳр корҳои созандаву бунёдкорӣ ба вуқуъ пайваста, як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ташрифи муҳтарам Пешвои миллат дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ мардуми шаҳрро руҳу илҳоми тоза бахшида, ба корҳои созанда, бунёдкориву ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист ҳидоят намуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди шаҳр 15,9 км роҳҳои автомобилгард таъмири мукаммал ва 57 км таъмири ҷорӣ карда шуд.
Соҳибкорони маҳаллӣ, мардуми сарбаланди шаҳр дар корҳои созандагиву бунёдкориҳо иштироки фаъолона карда, соли равон 26 иншооти гуногун ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, сохтмони 36 иншооти таъиноташон гуногун идома доранд. Дар ин радиф метавон 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Комплекси ширию молии “Агросаноат”, бинои Муассисаи таълимии № 33, боғчаи кӯдаконаи “Наврӯз” ва як қатор иншооти дигарро номбар намуд, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр мусоидат намуда, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудаанд.
Вобаста ба дастовардҳои сол сухан карда, ҳамзамон С.Саломзода таъкид дошт, ки муассисаи манзилию коммуналии шаҳр барои саҳми муносиб дар корҳои ободонию кабудизоркунии кӯчаву гулгашти ҳудуди вобасташудаи шаҳри Душанбе дар Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ ба муносибати 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи якум ва Дипломи дараҷаи якумро сазовор гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси шаҳр доир ба масъалаи иҷрои талаботи Қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карда, интихобкунандагонро ба иҷрои ҳатмии қонунҳо даъват намуд.
Ҳамзамон раиси шаҳр вобаста ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ сухан карда, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар, донишандӯзӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват намуд.
Дар идома суҳбати озоду ошкоро ва мубодилаи афкор миёни ҳозирин сурат гиирифт. Интихобкунандагон бо шукргузорӣ иброз доштанд, ки дар давлати озоду обод ва тинҷу ором таҳти роҳбарии Пешвои миллат зиндагии осоишта ба сар мебаранд. Сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ва ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дастаҷамъона ба ободии Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр.