Нуқтаи назар Сиёсат

ДАР СОЛИ ҶАВОНОН:  ГОҲ АЗ ИНУ ГОҲ АЗ ОН

print

Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро Соли ҷавонони Тоҷикистон эълон карданд. Албатта, бо мақсади мавқеи ҷавононро дар ҷомеа баланд бардоштан, саҳми эшонро ба илмомӯзиву касбомӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дучанд гузоштан, ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ҳидоят намудан ва дигар ҳадафҳои наҷиб.

Ин ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат ҷавононро хеле руҳбаланду

 шодмон намуд. Онҳо ҷавобан ба ғам­хории Сарвари давлат ва Соли ҷаво­нон саъйи комил намуданд дар до- нишомӯзиву касбомӯзӣ ва ободониву бунёдкориҳо. Ҳангоми сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ низ масъулияти ба­ланди ватандӯстиашонро собит сох­танд. Чун ҳамасола дӯст доштани Ва­тан, ҳимояи он, ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолият расиданро сармашқи зиндагиву ору номуси хеш донистанд. Ва бо пуррагӣ дарк намуданд, ки имрӯз ояндаи кишвар ва нуфузу эъти­бори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз маърифати баланди сиёсӣ, ҷаҳон­бинии солим, дониши замонавӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшино­сии ҷавонон вобастагӣ дорад.

Дар ин соли фаромӯшнопазир ба корҳои идоракунии давлатӣ ҷаво­нон низ хуб ҷалб гардиданд, ки ин як самти ғамхории Пешвои миллат дар ҳаққи онҳо мебошад. Ҳамчунин барои рушди ҳамаҷониба, ташакул­ли истеъдоду нерӯи эҷодии ояндаи миллат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ва дар Соли ҷавонон чорабиниҳои зиёди фарҳангиву варзишӣ ва сиёсӣ доир гардиданд, ки ҳамаашон фарогири ҳаёти насли ояндасоз буданд. Бархе аз ҷавоно­ни Тоҷикистон дар озмунҳои фан­ниву мусобиқаҳои байналмилалӣ номбардори Тоҷикистони соҳиб- истиқлол гардиданд. Дар сафи онҳо ҷавонони шаҳри Турсунзода низ шомиланд. Чанде аз ҷавонони мо дар самти варзиш ноил гаштанд ба унвони Қаҳрамони ҷаҳон. Комё­биҳои эшон дар саҳфаи таърихи ин сол қавӣ сабт хоҳанд гашт.

Аммо буданд ҷавононе, ки дар ин Соли накӯ ба ҷойи ташаббускориву ободкорӣ даст задан, роҳи бадро “пеша” намуданд. Аз қабили нашъ­амандӣ, авбошӣ, дуздӣ ва терро­ристӣ. Ва онҳое, ки шуур ва тинати паст дошта, бехабар аз илми ду­нявию муосир, одаму одамгарӣ ва моили фиреби душманони миллат буда… Дар забон ба ҷойи калимаи шаҳодат ҷангу низоъро нишон­данд. Ва аз ватани аҷдодӣ танҳо бо як мақсади ғаразнок – дар мулки ғайру ҷангзада, ба мисли Сурияву Ироқу Афғонистон зидди мардуми осоишхоҳ ҷангидану зар ба даст овар

дан фирор намуданд. Наан­дешиданд, ки сари ҷангҷӯро ҷанг мехӯрад, ҷасадашро лошахӯрон. Ва номашон бо бадхоҳӣ мемонад дар ҷаҳон. Ва бехирадонро мебояд дар вақташ бар сарашон санг зад, то сар аз гиребони нопокашон ба­роварда натавонанд. Ё ба таъбири Биноӣ:

Даст бар пушти мор молидан,

Бетакуллуф на кори ҳушёр аст.

К – он бадахлоқи бемурувватро,

Санг бар сар задан сазовор ас т.

Дар фарҷом гуфтание дорем ба ҷавонони солимфикр: аз ҳамни­шинӣ бо дунону (нокасон) бадгуҳа­рон бояд бипарҳезанд. Чунки гуф­таанд: “Ҳар кӣ бо дунон нишинад, ҳамчунон дунон шавад”…

А. ИКРОМӢ,

рӯзноманигор.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *