Нуқтаи назар Сиёсат

САТТОР ТУРСУН: «МАН ҲАНӮЗ ДАР АҚИДАИ ХУД ҲАСТАМ – ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО САЗОВОРИ ҶОИЗАИ НОБЕЛИИ СУЛҲ МЕБОШАНД!»

print

Соли равон 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии  Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Фурсати он аст, ки дар бораи ин иҷлосияи тақдирсоз, дар бораи ин бисту панҷ соли гузашта,  дар бораи Президент – кафили сулҳу субот дар ҷомеа мулоҳиза биронем. Ба ин хотир директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун ҳамсуҳбат шуд.

– Устод, баъди маросими ифтитоҳи Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ман мушоҳида кардам, ки дар он ҷо Ҷаноби Олӣ ба Шумо нигариста, сари мавзӯе бо ҳарорат чизе мегуфтанд…

– Бисёр суханҳои муассир ва ҳидоятомез гуфтанд. Аз мақоми устод Айнӣ дар адабиёт ва таърихи миллати тоҷик, аз саҳми беназири ин нависандаи бузург дар таъсис ёфтани ҷумҳурии мустақили тоҷикон ҳарф заданд. Гуфтанд, ки ҷавонон бояд аз таърихи халқу диёри худ, аз адабиёти халқи худ хуб огоҳ бошанд, ифтихори миллӣ дошта бошанд ва ин ватанро минбаъд боз ҳам ободтар кунанд. Дар ин асри тӯфонӣ ва бисёр мураккаб, ки абарқудратон, албатта, дасти дароз доранд, ҷавонон ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, то ки ба бинои ваҳдати миллати мо рахнае пайдо нашавад. Зеро дар ин дунё чизе болотар аз муҳаббат ба Модар ва Ватани хеш нест.

Пешвои миллат изҳори таманно карданд, ки шаҳрвандони ин диёр озод ва хушбахт бошанд, шабону рӯзон дар боғу боғистонҳо, дар шаҳру ноҳияҳо ҳаёт ҷӯш занад, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму адабиёт ва фарҳанги мо пеш равад. Ва мо меросбарони шоистаи бузургони (дар таърихи беш аз 1000 сол) хеш бошем.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор доштанд, ки солҳо мегузаранд, умри одамӣ ҳам. Аз ин рӯ, гуфтанд: мехоҳам берун аз дарвозаи шаҳр, ба сӯи Ҳисор, ибтидо аз Боғи маъмулии Ботаникӣ  то нишебии хоҷагии «Ватан»  боғи бузурге бунёд кунам, ки тавонам дар он ҷо намунаи беҳтарин дарахтони дунёро оварда, сарсабз гардонам. Ва ин боғ чун ёдгоре аз ман барои ояндагон боқӣ бимонад.

– Он рӯз Ҷаноби Олӣ, чун ҳамеша бисёр меҳрубон буданд…

– Бале, бисёр меҳрубон буданд, аз ҳар кадоми мо, адибону олимон аҳвол мепурсиданд.  Ва ман ин шахсияти назаркардаро, ки Худо ба сари мо фиристодааст, боз ҳам бештар Президенти худ медонистам. Ва аз хизмати хоксоронаи худ дар пеши ин Ватани обод ифтихор мекардам.

– Воқеан ҳам рӯзи фаромӯшнопазир буд. Ва на фақат барои он ки аз саҳар офтоб нурпошӣ мекард ва рӯзи равшану гарме буд…

– Бале, боз аз он сабаб ҳам рӯзи фаромӯшношуданӣ буд, ки Пешвои мо аз мағзи дил мегуфтанд. Гуфтанд  ин боғ муносиби номи устод Айнӣ, воқеан ҳам бояд боғи фарҳангу фароғат ва шодию нишот бошад. Мардум кӯдакони худ, омӯзгорон шогирдони худро ба ин ҷо оварда, онҳоро дар мисоли зиндагиномаи устод Айнӣ ва таърихи пурифтихори миллати мо тарбия намоянд.  Хулоса, он рӯз дилам ба зиндагӣ бештар гарм шуд. Хушу хурсанд эҳсос мекардам, ки  Ватани ободу озод дорам,   соҳиби сар дорам.

– Умуман Сарвари давлат ба аҳли эҷод, ба равшанфикрон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданашон эҳтирому арҷгузорӣ мекунанд. Қабл аз қабули қарору тасмиме роҷеъ ба ин ё он масъалаи муҳими умумимиллӣ бо аҳли зиё мулоқоту машварат меороянд. Шояд яке аз сабабҳои комёб шуданашон дар арсаи сарварӣ ҳамин усули роҳбариашон бошад?

Бале, ҳамин тавр аст. Аввалин мулоқоти Ҷаноби Олӣ ҳамчун Сарвари давлат, агар дар хотир дошта бошед, соли 1993 дар Хонаи адибон маҳз бо аҳли зиё баргузор шуда буд. Ман фикр мекунам, азбаски Президенти мо аз байни халқи меҳнатӣ баромадаанду то имрӯз ҳамеша бо халқанд, дарахти ормонҳои мардумро аз решааш медонанд. Инчунин медонанд, ки зиёиёни мамлакат  низ албатта аз зиндагии миллати худ дур нестанд. Бахусус аҳли қалам, бевосита ба дарду доғ ва шодиву масаррати халқ сари кор доранд. Худи мавзӯи асосии адабиёт ҳам қабл аз ҳама инсон ва рисолати ӯ дар рӯи замин аст.

Лекин бовар дорам, ки ба ҳама ниятҳои худ расидани Сарвари мо аз такя ба ҷавҳари ботини худашон, аз муҳаббати гарму бузургашон ба ватан  ва таъриху илму адаби тоҷик ибтидо мегирад. Медонед, ман ҳамеша эҳсос мекунам, ки Пешвои миллати мо аз тоҷик будани худ ифтихор доранд, дар назди сарварони дигар кишварҳо низ. Ин беҳтарнин сифати Сарвари давлати мост!

– Солҳои ҷавонию донишҷӯӣ орзу мекардем, ки Сарвари  Тоҷикистон шахсе бошад, ки бо забони тоҷикӣ озод ва зебо ҳарф занад, ифтихори миллӣ дошта бошад…

– Насли мо ҳам  чунин орзу мекард, зеро маҳз  чунин роҳбар  дар хидмати  миллат пайваста бо ниятҳои нек камари ҳиммат мебандад. Ва инак ба орзуи деринаи худ расидем.

– Агар хонда бошед дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, қабл аз ифтитоҳи Боғи Айнӣ баъди азнавсозӣ ҳангомаю сару садоҳое ба вуҷуд омаданд, ки гӯё қабри бузургони миллатро ба ҷои дигар мекӯчонанд ва гӯё бо ин арвоҳи онҳоро ноором месозанд… Ҳол он ки дар таърих ҳазорҳо чунин мисолҳо рух додаанд, дар Россия, Чин, Амрико ва ғайра бинобар васеъшавии шаҳрҳо ва зарурати сохтмони биною иншоотҳо на танҳо қабри одамони алоҳида, балки қабристонҳои том кӯчонида шудаанд.

Чи тавре мегӯянд, «як пула гапу садпула ғавғо». Як  мазҳакаи Шекспир чунин ном дорад.

Сару садоҳои бемаънӣ одатан аз ҷониби одамони кӯтоҳандеш пайдо мешаванд. Ин дафъа низ чунин буд. Дар Боғи Айнӣ бояд танҳо мақбараи худи ин бузургвор бошад. Акнун дар он ҷо боз ҳайкали устод зам шуд, ки нуран алонур омад. Ин кор умуман яке аз беҳтарин тасмимҳои Президенти мо буд.

Шумо дуруст мегӯед, ки таърих пур аз ин гуна мисолҳост. Аз ҷумла, вобаста ба хоки шахсиятҳои бузург низ. Масалан, қабри нависанда Гогол солҳои 30-юм аз қабристони Данилов  ба қабристони Новодевичйе кӯчонида шуд…

Банда соли 2009 чандрӯза ба зодгоҳам Бойсун (дар қадим Босанд, Басванд), воқеъ дар вилояти Сурхондарё рафта, ҳамроҳи  писари устоди азизи айёми мактабхониам Зариф  аз худи Тирмизу Шерободи ҳамин вилоят, ки дар ин ду мавзеъ Ҳаким Ат-Тирмизӣ ва Имом Ат-Тирмизӣ мадфунанд, ба зиёрати хоки бузургон баромадем. Дар Бухоро ҳам ду рӯз ба зиёрат машғул шудам. Ҳама обод буд. Аммо  атрофи мақбараи Исмоили Сомонӣ ва дар Соктаре осорхонаи устод Айниро хароб дидам. Ҳатто хоки Мирзо Бедилро дар Деҳлӣ моҳи ноябри соли 2014 дар чунин аҳвол дидам, ҳарчанд ба муносибати сафари Президенти мо ба Ҳиндустон онро то ҷое ба тартиб оварда буданд. Ва ҳар дафъа фикр мекардам, ки ҳар қадар бузург бошӣ ҳам, худату хокат дар пеши миллати худат азиз аст.

– Маҳз ба ҳамин хотир тобистони соли 1997, вақте Сотим Улуғзода, ки солҳои охири умрашон шаҳри Москваро ҷои зист интихоб карда буданд, аз олам даргузаштанд, ҷасадашон бо супориши  Ҷаноби Олӣ ба Душанбе оварда, дар қабристони Лучоб ба хок супорида шуд…

– Бале. Ва қабл аз гӯронидан  чанд соат мардуми Тоҷикистон имкон пайдо карданд бо адиби маҳбубашон дар толори Театри опера ва балет видоъ намоянд.

Шумо Улуғзода гуфтед, як воқеаи дигар ба ёдам омад. Дар зодгоҳи эшон – шаҳри Самарқанд  маҷмааи навбунёди Имом Ал-Бухориро низ зиёрат карда будам. Имом Ал-Бухорӣ, ки дар айёми пирӣ ба зодгоҳаш Бухоро баргашта буд ва аз ҷабри мутаассибони он ҷо ба танг омада, сӯи Самарқанд фирор мекунад, раҳораҳ дар Хартанг ном мавзеи Самарқанд  аз дунё мегузарад ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида мешавад.  Ӯзбекҳо он ҷои муқаддасро обод кардаанд. Барои ин қисми зиёди қабристони кӯҳнаро ба ҷои дигар кӯчонида, танҳо хоки Ал-Бухориро он ҷо боқӣ гузоштанд ва мақбараву маҷмааи пуршукӯҳ бунёд намуданд. Он ҷо як осорхона ҳам ҳаст, ки дар он дар қатори туҳфаҳои роҳбарони кишварҳои гуногуни ба зиёратрасида ҳадяи Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  –

 «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» дар ду ҷилд, инчунин ду ҷилди аввали  «Саҳеҳи ал-Бухорӣ» ва тарҷумаи тоҷикии Қуръони карим, ки бо ибтикори Ҷаноби Олӣ бо ҳуруфи кириллӣ соли 2007 интишор ёфта буд, низ маҳфуз дошта мешаванд.

Дар омади гап, дар он ҷо сарвари ин маҷмаа Имом Ал-Бухориро ба мо чун намояндаи миллати ӯзбек муаррифӣ мекард. Аммо вақте ба  марди дар паҳлӯям буда  оҳиста ба тоҷикӣ гуфтам, ки: «Тавба! Кӣ гумон мекард, ки як кӯдаки тоҷики қариб нобино ба мулки араб рафта, ин қадар шӯҳраи олам шуда бармегардад?!», он мард гарм хандиду гуфт: «Дуруст, тоҷик аст. Дар замини Ӯзбекистон садҳо бузургон хуфтаанд ва мо ҳамаи онҳоро азони худ медонем. Бузургон ба ҳама баробар тааллуқ доранд».

Агар гап дар хусуси ба қабристони Лучоб кӯчонидани ҷасади баъзе бузургони дигари миллатамон равад, ин ҳам яке аз тасмимҳои олии роҳбарони мо маҳсуб меёбад. Бисёр хуб аст, агар фарзандони барӯманди миллатамон ҳама дар як манзил бихуспанд.

– Чун қабристони Новодевичйеи Москва, ки пештар аз ин дар борааш гуфтем. Аксари одамони маъруфи Россия дар он ҷо ба хок супорида мешаванд.

 Бале. Ман дар Боку ҳам дидам, ки  озариҳо бузургони худро – вай сиёсатмадор аст ё олим, нависанда аст ё шоир, санъаткор аст ё намояндаи дигар касбу кор – дар оромгоҳи умумии ободу зебое бо номи «Хиёбони ифтихор» ба хок месупоранд ва ҳар меҳмоне ояд, ӯро ҳатман бо сари баланд ба зиёрати он ҷо  мебаранд.

– Дар Ереван бошад моро ба зиёрати Пантеон бурда буданд, он ҳам як чунин оромгоҳи умумии шахсиятҳои маъруфи Арманистон аст ва дар ин боғи ободу зебо аз собиқ котиби якуми КМ ҲК Арманистон Карен Демирчян сар карда, то нависанда Серо Хонзодян, композитор Арам Хачатурян, ҳунарманди синамо Фрунзик Мкртчян ва дигарон мадфун гаштаанд.

– Ман итминон дорам, ки қабристони Лучоби мо низ минбаъд боз ҳам ободу зебо мегардад ва дар ташаккул ёфтани ахлоқи хамидаву хештаншиносии ҷавонони мо нақш бозида, барои меҳмонони хориҷие, ки меоянд, чун шиносномаи як пора аз таърихи Тоҷикистон хидмат хоҳад хоҳад кард.

– Мақбараи навсохти устод Айнӣ дар Боғи навбунёди ба номи ӯ хеле зебо баромадааст. Тавре Пешвои миллат зимни суханрониашон зикр намуданд, Айнӣ гӯё зинда аст ва моро дар ин Боғи зебо пазироӣ ва бо мо сӯҳбат мекунад…

– Ҳақ асту рост. Ва ин барои зиндаҳо муҳим аст. Одам агар мехоҳад, ки Одам шавад, бояд раҳ ба водии дилҳо биоварад, ба зиёрати марқади бузургон биравад, ба гуфтаи онҳо гӯши дил ниҳад, осори эшонро мутолиа намояд. Зеро инсон ҳаройина аз ин гуна фарзонагон сабақ омӯхта, ҳатман инсонтар мешавад. Пас ба ботини хеш нигариста, натанҳо ба қадри дигарон мерасад, балки шахси худашро низ чун одамизода накӯкор дармеёбад.

Ба андешаи ман, устод Айнӣ ибтидо аз солҳои 20-и асри мозӣ то кунун бо миллати хеш суҳбат дорад.

Ва азнавсозӣ ва бунёди Боғи бавусъате ба номи устод Айнӣ, ин адиби забардаст, ки солҳои 50-уми асри гузашта дар Қоҳира, дар анҷумани адибони кишварҳои Осиё ва Африқо дар қатори Луи Сини мардуми Чин, Робиндранат Такури мулки Ҳинд ва Таҳа Ҳусайни кишвари Миср расман яке аз чаҳор сухангустари бузурги олами Шарқ эътироф гардида буд, дар радифи бузургтарин иқдомҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бузургдошти фарзандони шоистаи халқи тоҷик то Тоҷикистон ҳаст, аз ёдҳо сутуда нахоҳад шуд.

– Ҷаноби Олӣ зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Боғи Айнӣ зикр намуданд, ки адиби номвари мо дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард. Пешвои миллат китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро махсус мисол оварданд ва гуфтанд, ки он дар солҳои бистуми асри гузашта ба сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон шуд. Шумо чун адиб гуфта метавонед, ки қимати ин китоб аз чӣ иборат аст?

– Ин китоби устод Айнӣ соли 1926, дар айни талошҳои бадхоҳони миллати тоҷик, ки мехостанд моро дар ватани худамон беватан созанд, нахуст дар Москва аз чоп баромад. Муғарризон мегуфтанд, ки «инҳо халқе ҳам нестанд, фарҳанге надоранд, забонашон ҳам танҳо як лаҳҷаи форси эрониён аст». Ин дар ҳоле, ки эрониён забонро аз мо бурдаанд. Мақсад – миллати тоҷик ба ҷумҳурии мустақил ноил нагардад. Бинобар ин, устод Айнӣ, азбаски муборизаҳои сиёсӣ дар Мовароуннаҳр барои соҳибихтиёрӣ он замон дар авҷ буд, танҳо ҳамин минтақаи бузургро ба назар гирифта, зуд «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва исбот намуд, ки дар тӯли ҳазор соли таърих, ибтидо аз Рӯдакиву Ибни  Сино то қарни бист, то Аҷзиву Фитрату дигарон тоҷикон чӣ суханвароне доштанд.

Ин китоб, ки дар шакли тазкираи фишурда дар як муддати кӯтоҳ нашр гардида, тавре мегӯянд, то ба эътибори Сталин расид, ба як шиносномаи тоҷикон табдил ёфт ва дар баробари муборизаи дигар фарзандони фарзонаи тоҷик дар  таъсиси ҷумҳурии мустақили мо дар соли 1929 бурҳони қотеъ шуд. Пас худатон қазоват кунед, ки чӣ қимат дорад ин таълифи устод Айнӣ.

– Сарвари давлат дар суханрониашон ҳамчунин мақолаҳои устод Айнӣ «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони тоҷикӣ ва форсӣ»-ро мисол оварданд. Дар ҳақиқат, Садриддин Айнӣ дар тамоми тӯли фаъолияти эҷодиаш мақолаҳои публисистӣ ва хитобномаҳо навишта, на танҳо дар  бедорӣ ва худшиносии миллат, балки дар иҷрои вазифаю ҳадафҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати ҳамонвақта ҳиссаи бузург гузоштааст. Чаро имрӯз бисёр адибону донишмандон ва рӯзноманигорони мо ин корро намекунанд? Масалан, бубинед, Айнӣ дар мақолаҳои «Масъалаи Шарқ», «Аҳволи Эрон», «Дар Туркия», «Олами Шарқ ва муттафиқин» ва ғайра ҷасурона аз мушкилоти кишварҳои дигари дунё изҳори андеша кардааст, дар мақолаҳои  «Аскарӣ ва ислом», «Шарафи аскарӣ ба туркистониён муборак бод!», «Вазифаи шарафноки муқаддас», «Фонди мудофиаро табрик мекунам» дар бораи аҳамияти маъракаи сафарбаркунӣ ба қисмҳои ҳарбӣ сухан гуфта, ҷавононро ба хизмати Ватан даъват кардааст, дар мақолаҳои «Андози ғалла ва дӯкони ҷамоат», «Андози ғалларо ба зудӣ гирд овардан лозим аст» дар бораи масоили андоз, дар мақолаҳои «Модар-Ватан», «Кишваршиносӣ» дар боби ватандӯстӣ, тарғибу ташвиқи дастоварду зебоиҳои кишвар ва баланд бардоштани нуфузу эътибори он дар дунё, дар мақолаҳои «Ду ҳашар», «Обёрӣ», «Канали Тӯқсанкориз», «Канали Марғидар» ва ғайра роҷеъ ба сохтмону иншоотҳои азими мамлакат, дар мақолаҳои «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Матбуоти тоҷик», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Дар бораи барҳам додани бесаводӣ» вобаста ба масъалаҳои муҳими адабиёт, матбуот ва фарҳангу маорифи халқамон  сухан гуфтааст. Ҳатто дар бораи интихобот, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, истеъдоди тоҷикон, қобилияти ташкилотчигии онҳо ва тарбияи кадрҳо мақолаҳои муассир  навиштааст, ки ҳамаи онҳо дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳои ҳамонвақта чоп шудаанд…

– Умри устод Айнӣ  ба давроне рост омад, ки аввал истибдоди амирони манғитӣ идома дошт, пас инқилоб омад ва ба истилоҳ, босмачигарӣ оғоз ёфт, дар баробари ин, ҳар як  халқи  сернуфуси Мовароуннаҳр баҳри истиқлолият мубориза мебурд, ниҳоят ҷанг бо фашистони Олмон сар шуд, баъд аз Ғалаба меҳнати сангин дар арсаи ободонӣ ибтидо гирифт. Яъне дар давоми ҳама умри устод Айнӣ халқи тоҷик, ба қавле, мурда-мурда, аз нав зинда мешуд, хонаву дар обод мекард, ба ватандорӣ мерасид, мехост, ки оламиён аз ҳувияти ӯ огоҳ бошанд. Дар чунин солҳои аз як ҷиҳат вазнин, аммо аз ҷихати дигар умедбахши таърих дар баробари роҳбарони дурандеши сиёсӣ ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ё Бобоҷон Ғафуров,  албатта адиб ё олими номбардоре чун устод Айнӣ зарур буд, то бо сухани зиндагисози хеш дар иморати кишвару худогоҳии миллии мардум хидмат кунад. Воқеан ҳамин тавр ҳам шуд. Ва дар он солҳо устод Айнӣ, бешубҳа, кори даҳҳо олиму нависандаро танҳо худаш ба сомон мерасонид.

Вале имрӯз, агар ҷанги бародаркуши чун балои қазо ба сарамон омадаро ба ҳисоб нагирем, вазъият дигар аст. Ба амну амонӣ расидем, дастгоҳи Давлату Ҳукумат хуб кор мекунад. Агарчи ҳанӯз камбудиҳои моддӣ ҳам дорем, мардум ба умеди фардои беҳ аз имрӯз аз паи зиндагианд, ҷавонон илму дониш мегиранд. Дар солҳои истиқлолият бебаҳс корҳои зиёде ба анҷом расиданд, ки  бо сарварии Сарвари ҷоннисори халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштанд.

Ва нависандагон низ муносиби замона фикри худро баён медоштанд, китобҳо менавиштанд, мақолаҳо интишор медоданд. Масалан, адибони публисист Бахтиёр Муртазоев ва Шералӣ Мӯсо, ҳар яке ба қадри истеъдоди худ, аз сохтмонҳои муҳими давр зиёда очерку қиссаву мақолаҳо таълиф карданд. Нависандаи маъруфи мо Абдулҳамид Самад ба ҷуз аз мақолаву эссеҳои бисёр дархӯр аз рӯзҳои сахти ҷанги бародаркуш романи хуберо бо номи «Гардиши девбод» навишт.

Банда низ вобаста ба он айём «Ҳасрат» ном қисса ва чанд ҳикояи фарогир интишор додам. Ҳамчунин камобеш 100 эссе, мақола ва суҳбатҳои банда чоп шудаанд дар ин солҳо.  Баъзе дигарон низ фикри худро доир ба ҷомеа, маориф ва адабиёт баён медоштанд.

– Албатта, ин навиштаҳо ҳастанд ва аксари онҳо асарҳои беҳтарини адабиёти имрӯзаи моянд. Вале манзури ман мақолаҳои кӯтоҳу пуртаъсир ва хитобаҳои  бо забони соддаву равон навиштаи устод Айнӣ мебошанд, ки ба масъалаҳои дар назари аввал хурд, вале дар асл муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии он айём дахл карда ва мардумро ба қароре, ба иҷрои кори ибратбахше, ба маъракаи муҳиме ҳидоят намудаанд. Маъзарат мехоҳам, дар ин маврид ман саддарсад  ҷонибдори ақидаи Саидмурод Фаттоҳзода мебошам, ки дар як мусоҳибааш гуфт: замони мо низ замони инқилобӣ аст  ва ин инқилоб инқилоби фарҳангист ва саркардаи ин инқилоб  Пешвои миллати мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.  Бубинед, имрӯз равандиҷаҳонишавӣ идома дорад, ки дар баробари он мо бояд аз ҳарвақта дида бештар   арзишҳои миллиамонро ҳифз ва густариш диҳем, то ки ҳамчун миллат боқӣ бимонем. Имрӯз, дар оғози асри 21 терроризми байналмилалӣ падид омадааст, ки ба тамоми кишварҳои олам баробар таҳдид мекунад ва Пешвои миллат дар  Паёми худ онро баробари силоҳи ҳастаӣ донистанд  ва мо бояд дар қиболи он ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Имрӯз аз нав, чун дар замони устод Айнӣ экстремизм (ифротгароӣ)  ва хурофот сар бардошта, мехоҳанд мардумро боз ба асри сангин ва рӯзгори тираву тор бубаранд.  Имрӯз иддае аз мардуми мо ба бегонапарастӣ ва зоҳирпарастӣ дода шудаанд, ки низ ба арзишҳои миллии мо хатар доранд. Ва Пешвои миллат бо ин ҳама падидаҳои номатлуб ҷасурона мубориза мебаранд ва мардумро аз қафои худ мебаранд. Як худи Қонунҳои миллии мо «Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби  Сарвари давлат пешниҳод   гардидаанд,  нишонаҳои гӯёи ин инқилоби фарҳангӣ мебошанд.  Ин ду санади муҳим, ки ба хотири солимгардонии ҷомеа, беҳдошти саломатӣ, таълиму тарбия ва танзими расму оин, ба хотири зиндагии босаодати мардум ба вуҷуд омадаанд,  ба таҷрибаи  садсола ва ҳазорсолаи рӯзгори мардуми мо дигаргуниҳои куллӣ ва нек ворид месозанд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам устод Садриддин Айнӣ ду рамзи воқеии ҳувияти миллии мо мебошанд ва хоҳанд монд.

– Комилан дуруст, ин ҷо ман бо Шумо пурра мувофиқам.

– Мехостам дар бораи калимаи «ҳувият» фикри Шуморо бифаҳмам, чун медонам, ки дар донишгоҳ забони арабӣ омӯхтаед. Дар китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ», мутаассифона,  ин калима нест…

–  Дар «Фарҳанги форсӣ»-и доктор Муҳаммад Муин ин калима омадааст. Инак, «ҳувият», ки фикр мекунам, шояд аз «ҳува»-и арабӣ, яъне «ӯ» ё «вай» бошад. Хуб, дар ин маврид муаллиф чизе нагуфтааст. Аммо маънии «ҳувият», агар сода карда гӯем, аввалан – будани зоти олӣ, боргоҳи Худованд сониян- ҳастӣ, вуҷуд, солисан – он чӣ мӯҷиби шиносоии кас бошад, чун шиноснома (паспорт). Барои мисол,  «варақаи ҳувият» мегӯянд, ки вуҷуд доштани шахсро тасдиқ мекунад, робеан – ҳувият иборат аз ҳақиқати як ҷузъи моҳият, яъне аслу ҷавҳар низ мебошад, ки дар натиҷаи ташхис эътибор хоҳад ёфт.

Агар умда карда гӯем, ҳувият ё ҳувияти миллӣ маънии мавҷуд будан, устувор мондан ё симои зиндаи миллат бо тамоми анъанаву табиати зотиву таърихашро дорад.

– Баъзеҳо дар дохил ва берун аз Тоҷикистон бо кафки даҳон дар бораи озодӣ ва демократия шиор партофта, дар ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистонро   танқид ва нисбат ба мардуми худ изҳори танаффур мекунанд ва дар баробари ин худро ватандӯст меноманд…. Оё  матавон инро низ ба ҳувияти миллӣ вобаста донист?

– Не, албатта. Ин тоифаро ҳаргиз наметавон ватандӯст номид. Онҳо ҳангоми муошират бо аҷнабиён ифтихори миллӣ ва шармро фаромӯш мекунанд, чунки ин ҳардуро надоранд. Парвои онро надоранд, ки фардо ё пасфардо ватанашон ба худ чӣ сурате мегирад. Ва озодӣ, демократия, арзишҳои диниро  дастак кардани ин тоифа низ чизе беш аз гӯл задани мардум нест. Ин тоифа ягон нияти нек надоранд, шиорашон дар ботин  — «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад».

Танқид агар асос дошта бошад, агар ба манфиати халқу кишвар бошад, хуб аст. Вале вақте дидаю дониста, худро бо ҳар роҳу восита ба давлат ва миллати худ муқобил мегузоранд, инро ба ҷуз хиёнат чизи дигар наметавон номид. Зеро давлат ҳам намунае аз халқ, баргузидаи халқ аст.

– Коргардони рус Андрей Кончаловский (писари адиби забардаст Сергей Михалков), ки чун Бозор Собир муддате  дар Амрико зистааст, ба наздикӣ дар як мусоҳибааш изҳор дошт, ки барои саодату хушбахтии кишвар ва мардум дар баробари озодӣ сензура ҳам даркор аст, вагарна ҷомеа ба ҷангал табдил меёбад ва дар адабиёту фарҳанг  хараҷу мараҷ ба вуҷуд меояд. Айнан чунин фикрро Бозор Собир низ баён дошта буд. Ана  Кончаловский чӣ гуфт: «Я лично сожалею, что нет цензуры. Цензура никогда не была препятствием для создания шедевров. Чехов писал в прозе все то, что не мог из-за цензуры написать в пьесе. Вы думаете, что свобода создает шедевры?  Никогда. Шедевры создают ограничения. В творческом плане художнику свобода ничего не дает. Покажите мне эти толпы гениев, которых жмет цензура?»…

Солҳои шӯравӣ, вақте дар идораи «Садои Шарқ» кор мекардам, гоҳо сензураро як ниҳоди нодаркор медонистам, ҳарчанд зиёда ташвиш ҳам намедод. Лекин баъди Истиқлолият итминон ҳосил кардам, ки сензура лозим аст. Касоне, ки мегӯянд ин муассиса ба эҷоди ҳақиқӣ халал мерасонд, дурӯғ мегӯянд.

– Сензураи давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ карда шудааст ва ин муассиса дигар вуҷуд надорад…

 Вале, ба андешаи ман, сензура бояд ҳатман бошад,  лоақал дар ботини ҳар инсон.

– Худсензура ё чуноне мегӯянд – худсензор…

Бале. Он ҳатман бояд бошад, вагарна, дуруст  гуфтааст Кончаловский, ҷомеа хароб мешавад, ахлоқ табоҳ мегардад. Масалан, мисли никоҳи ҳамҷимнсгароён дар Ғарб. Замоне фаро мерасад, ки мислашро Ҳофизи Шерозӣ дар ғазали машҳури худ тасвир кардааст: «Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам…». Худо накунад, албатта.

Шояд саволе пайдо шавад: пас чаро дар Ғарб асарҳои хуб бештар пайдо мешаванд? Ҷавоби ман чунин аст: шумо фикр мекунед, ки дар Ғарб сензура набуду нест?  Хато мекунед. Баъд, чаро танҳо дар Ғарб бошад?! Дар Шарқ ҳам зиёданд асарҳои шоиста. Чи тавре Кончаловский дар мисоли Чехов ва Сервантес овардааст,  на фақат дар Испанияву Россияи подшоҳӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ, ки сензура ҷорӣ буд, беҳтарин асарҳо пайдо мешуданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ таълифоти  мондагоре чун китобҳои устод Айнӣ, Турсунзодаву Улуғзода,  Икромию Муҳаммадиев, Лоиқу Бозор ба зуҳур омаданд.

– Китобҳои худи Шумо низ, ба мисли «Падар», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Сукути қуллаҳо»… Дар куҷое хонда будам, ки повести «Марги судхӯр»-и устод Айниро адабиётшиносони Аврупо бо  повести  «Гобсек» -и нависандаи машҳури Фаронса Оноре Балзак, ки низ дар бораи як нафар судхӯр навишта шудааст,   дар як радиф гузоштаанд.

– Бале, ҳамин тавр аст.  Агар сензура ба эҷодиёт халал мерасонд, оё метавонистанд  дар он замон чунин асарҳои ҷаҳоншумул ба майдон оянд?!  Гап сари он аст, ки Ғарб ин ҳамаро намедид, чунки вай ба Шарқ  бо чашми дигар менигарад.

– Оё ин ҷо Михаил Шолохов, ки ба халқу ватанаш содиқ буд,  истисно аст? Ба ӯ Ҷоизаи Нобел дода буданд…

– Бале, ӯ истисно аст,  Ғарб ин мукофотро ба Шолохов надода наметавонист. Зеро Шолохов мисли кӯҳи баланде буд, ки  аз ҳар гӯшаи дунё ба назар менамуд.

– Ҷоизаи Нобел гуфтем ва як таърихи дигар ба хотирам расид. Агар Шумо ҳам аз ёд набурда бошед, ҳанӯз 17 сол пеш мову Шумо ду маротиба чунин суҳбат доштем, ки муҳтавои онҳо ҳамон вақт дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Дайджест-пресс» ва «Вечерний Душанбе» дарҷ гардида буданд. Дар ҳарду суҳбат Шумо иброз дошта будед, ки месазад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи Нобелии сулҳ пешниҳод карда шаванд.

– Ман имрӯз низ дар ақидаи худ ҳастам – Пешвои миллати мо сазовори Ҷоизаи Нобелии сулҳ мебошанд. Ва вакилони мардумӣ, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ,  Академияи илмҳо, аъзоёни академияҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳо бояд ба Кумитаи ин Ҷоиза дар Осло номзадии Сарвари давлати Тоҷикистонро пешниҳод намоянд. Аз рӯи Низомномаи Ҷоизаи Нобелии сулҳ, ҳар кадом аз ниҳодҳо ва ашхоси номбаршуда метавонанд ин корро кунанд. Барои таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллати мо, ки метавонад дар бисёр  гӯшаҳои даргири олам мавриди истифода қарор бигирад, барои фаъолияти пайваста ва собитқадамонаашон дар роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа, барои ташаббусҳои инсондӯстона ва созандаашон оид ба масъалаҳои вобаста ба об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд. Ташаббуси охирини Ҷаноби Олӣ, ки  тибқи Қатъномаи ин созмони бонуфузи олам моҳи декабри соли гузашта пуштибонӣ ёфт, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ном дорад. Тасаввур кунед, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳ соли оянда дар тамоми минтақаҳои олам ҷиҳати сарфакорона ва барои рушду нумӯи кишварҳо ва халқҳо одилона истифода нмудани об тадбирҳои зиёди байналмилалӣ андешида мешаванд!

– Воқеан ҳам  об рӯшноӣ ва омили тараққиёт аст…

– Об чизи аз ҳама қиматтарин ва заруртарини зиндагӣ натанҳо барои  одамон, балки барои тамоми мавҷудоти олам аст. Бе об ҳаёт дар рӯи замин вуҷуд дошта наметавонад. Қимати ин боигарии табиат рӯз то рӯз афзун мешавад, имрӯз қимати он аз арзиши нефт ҳам баландтар аст. Ҳоло дар Аврупо як бутали хурди об 2 евро, яъне 20 сомонӣ ва ҳатто бештар аз он  арзиш дорад.

– Сарояндаи зинданом Тоҷиддин Муҳиддин дар бораи об таронаи дилнишине дошт:

   Гул ба оби ҷӯй вақте ки хуморӣ мешавад,

Барги ҳар як ғунча чашми интизоре мешавад…

«Об ояд тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав…». Бале, шунидаам ин сурудро. Об ояд тӯю хурсандӣ мешавад, натанҳо барои боғу киштзорҳо, барои худи одамон низ. Об набошад, шодию нишот аз чеҳраи мардум ғайб мезанад, ҳар гуна бемориҳо сар мезананд, зиддияту нифоқ бармехезад. Имрӯз теъдоди аҳолии дунё  қариб ба 8 миллиард расидааст, захираҳои табиии об бошанд бо сабаби дигаргуншавии иқлим, исрофкорӣ ва сабабҳои дигар торафт  кам мешаванд. Аз рӯи маълумотҳои СММ, тӯли 40 соли гузашта ин захираҳо ба ҳадди 60 дарсад коҳиш ёфтаанд, дар 25 соли оянда боз ду баробар камтар мешаванд. Дар чунин шароит барои об байни кишварҳо ва минтақаҳо метавонанд ҷангҳои шадид сар зананд. Яъне об, истифодаи дуруст ва оқилонаю одилонаи он омили сулҳу салоҳ дар сайёра низ мебошад.

Аз ин лиҳоз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии  Пешвои миллати мо кобили на танҳо дастгирӣ, балки қадрдонӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.

– Аллакай соли оянда дар Душанбе  Конференсияи байналмилалӣ ҷиҳати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор мегардад. Ба ғайр аз он соли 2018 дар кишвари мо баргузории  чор чорабинии дигари байналмилалии сатҳи баланд, аз ҷумла Саммити сарони давлатҳои ИДМ  дар назар дошта шудааст, ки аз нуфузу эътибори доимафзояндаи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳанд…

– Медонед,  мо дар арафаи ду санаи барои халқу кишвари мо бисёр муҳим – Рӯзи Президент ва 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон суҳбат дорем. Ин ду санаи муборак низ бо ному фаъолияти ибратангези Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.  Бо боварӣ метавон гуфт, ки  чорабиниҳое, ки Шумо номбар кардед, соли оянда дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мегарданд, зеро  Тоҷикистон сарвари ботаҷриба, боистеъдод ва баобрӯ дорад, ки ҷаҳон эътироф кардааст ва ин мӯҷиби ифтихори ҳамаи мост.

– Чанде пештар бо вакили парлумони Озарбойҷон Айдин Мирзозода суҳбат доштам. ӯ гуфт, ки миллати  тоҷик    метавонад ва ҳақ дорад бо Президенти худ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунад…

– Бале, ҳамаи мо ва ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем ва орзу кунем, ки  ба бахтамон ҳамеша саломату сарбаланд ва саробони сари ин миллат бошанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *