Воқеаҳои даҳшатбори ибтидои солҳои 90 -уми қарни гузашта Тоҷикистони тозаистиқлолро зери хатар гузошта буданд: хурӯҷи ҷанги шаҳрвандӣ, ҳадафи тири душманони миллат қарор гирифтани ҳамватанон , валангор шудани чандин иншоотҳову биноҳои истиқоматӣ, фирориву гуреза шудани ҳазорҳо ҳамватанон, ятим мондани садҳо кӯдакони масъум, таҳдиди порашавии кишвар, қашшоқию бенавоии мардуми одӣ… Ҳамааш рух медод бо беадолативу бешафқатии душманони миллат ва хоҷагони хориҷии эшон. Ва он носипосу кӯрнамаконе, ки нону намаки Меҳани азизамонро бихӯрда, ба намакдонаш “туф” мекарданд, бехабар аз он буданд, ки мардуми бохиради тоҷик “туф” ба рӯйи онҳо хоҳанд кард. Ва бар сарашон борони лаънат мебораду маълуншудаи халқ хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъде, ки бо шуҷоату ҷасурии депутатҳои мардумии Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дигар фарзандони бонангу ватандӯсти кишвар дар лаҳзаҳои ноорому даргириҳо, дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVIШӯрои Олӣ, даъвати дувоздаҳум ба кори худ шуруъ намуд, дар дили тоҷику тоҷикистониён умед аз ноумедиҳо пайдо шуд. Ҳама радио гӯш мекарданду чашм аз “оинаи нилгун” намеканданд. Яъне ҳушу ёди ҳама ба ҷараёни кори Иҷлосия банд буд. Ин суол ҳам пайдо мешуд Иҷлосия тақдири кишварро чи гуна ҳал мекарда бошад? Ва мардумро мақоли “Поёни шаби сиёҳ сафед аст” таскин мебахшид. Эътимод бар он доштанд, ки ин Ичлосия метавонад пеши роҳи даргириҳоро бигирад, ҳалқи кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад, мамлакатро аз парокандагӣ боздорад…
Худованд тараҳҳум кард бар бандагонаш, Вакилони мардумӣ дар Иҷлосия беҳтарин ва арзандатарин фарзанди диёрро, бо мақсади ба эътидол овардани ваъзи сиёсии кишвар, аз харобазор раҳоӣ додан ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сохторҳои фалаҷшудаи давлатро барқарор кардан Раиси Шӯрои Олиро интихоб намуданд. Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд! Мухтасар бигӯем, ба он ваъдаҳои аз минбари Иҷлосияи шонздаҳум додааш бо сари баланд баромада тавонист. Бо талошу машаққатҳои зиёд, бо қалби беқарору халқпарвариаш. Инро на танҳо тоҷикистониён, балки мардуми ҷаҳон медонад. Имрӯз ҳавас мекунад ба осоиштагиву шукуфоии Тоҷикистони мо ва орзуи дидани ин диёри биҳиштосои мо мекунад. Ва бо як фараҳмандӣ метавон гуфт: Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ оғози таърихи навин ва сарнавиштсози кишвари тоҷиконро пояи устувор гузошт. Дар асоси қарору паёмадҳояш сулҳу амниятро дар саросари кишвар пойдор гардонид.
Хушбахтона, тӯли 25 сол аст, ки сарчашмаҳои Иҷлосияи тақдирсоз заминҳои орзуву омоли миллати моро об медиҳанд, дарахти сулҳу сафои кишварро аз хушкшавӣ бозмедорад, ҳамон дарахте, ки бор меорад ба нафъи халқу Ватан.
Вале ҳастанд шахсоне, ки аҳамият ва тақдирсозии ин Иҷлосияро намедонанд. Заррае ҳам. Ақаллан боре намеандешанд: агар Иҷлосияи XVI баргузор намешуд, агар марди хирадманде Сарвари давлат интихоб намешуд, аз торикии ҳаёт наҷот ёфтани мо аз эҳтимол дур набуд. Ва буданд ношукрҳову хоинони Ватани миллат ба мисли , М.Худойбердиев, А.М.Назарзода, Г.Ҳалимов ва дигарон. Қадам ниҳоданд ба олами нопоки терроризм, хиёнат карданд ба халқу Ватан. Ва дар замири онҳо нияти ботиле буд: ба пояи давлати соҳибистиқлоламон теша задан. Хуллас, ба мақсади ғаразнокашон нарасиданд. Мубталои лаънати сокинони кишвар гардиданд…
Имрӯз мо аз дастоварду самараи Иҷлосияи тақдирсоз умри ширин ба сар мебарем. Бадхоҳони халқу Ватан бошанд, дар мулки ғайр умри сагона ба сар мебаранд. Иншоолоҳ, нону намаки ватани аҷдодӣ ин қабилҳоро кӯр хоҳад кард.
Кош, ҳамин тавр мешуд…
А.ИКРОМӢ,
рӯзноманигор.