Хабарҳо

Сухани табрикии раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

print

Ҳамдиёрони азиз!

Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва фазои сулҳу амнияти кишвар имрӯз 25-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии  Тоҷикистонро, ки барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ саҳми арзанда дорад, ҷашн мегирем. Ҳамзамон дар ин рӯзи фараҳбахш Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки таҷлили ин сана намунаи олии эҳтироми халқ ба Сарвари муаззами худ арзёбӣ мегардад.                               

Аз ин лиҳоз, бо ифтихору сарфарозӣ Шумо ҳамдиёрони  азиз ва меҳмонони гиромиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба ин муносибат сидқан табрик гуфта, сиҳатмандиву саодати зиндагӣ таманно дорем.

Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон  кишвари азизамон гирифтори кашмакашиҳои ҳалокатбори бадхоҳони дохиливу хориҷӣ гардида буд. Сокинони кишвар ба гумроҳӣ афтода, ҷавононро гурӯҳҳои мухолифин  бо  ҳар роҳу восита бар зидди ҳамватану бародари   худ муқобил менамуданд.

Дар чунин як вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва касе дар он рӯзҳои сахту душвор масъулияти таъмини суботро дар кишвар бар дӯш гирифтан намехост.

Бо вуҷуди он, ки ҳанӯз оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлатдорӣ, эҳёи анъана ва суннатҳои неки таърихии халқи тоҷик, кафолати ба амал баровардани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба ҳамаи сокинони мамлакат ва инкишофи озодонаи онҳо сабт гардида буданд, аммо вазъияти мураккаби сиёсии онвақтаи кишвар имкон намедод, ки ин меъёрҳо татбиқи воқеӣ ва амалии худро пайдо намоянд. 

Маҳз бо шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуда, дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои  давлатдории миллӣ  арзёбӣ мегардад. Новобаста аз мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар – шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории Иҷлосияи шонздаҳум интихоб гардид.

Дар он шабу рӯз сокинони кишвар аз вакилон интизори интихоби роҳбаре буданд, ки рӯзгорашонро ба куллӣ дигаргун намуда, халқро аз гирдоби парокандагӣ, тарсу ҳарос, нобоварӣ ва ноумедӣ ҳифз намояд.

Дар чунин вазъияти ҳассос вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамчун вакили  фаъолтарин, ҷавону кордон, болаёқату боистеъдод ва ҷасуру қавиирода ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пешниҳод ва интихоб намуданд.

Яке аз масъалаҳои дигари Иҷлосия таъмини якпорчагии Тоҷикистон буда, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъияти вазнин, ки бо фишоровариҳои гуногуни мазҳабию манфиатҷӯёна рафти кори Иҷлосияро халалдор месохтанд, бо тамоми масъулият ин вазифаро ба дӯш гирифта, дар нахустин баромади худашон вобаста ба барқароркунии сулҳ дар кишвар иброз доштанд, ки: «Ман ба шумо сулҳ меорам».

Муҳтарам Сарвари давлат ҳамзамон баргардонидани гурезагонро ба хоки муқаддаси Ватан қарзи ҷонии худ дониста, дар тақдири минбаъдаи халқи Тоҷикистон нақши ҳалкунандаро гузоштанд.

Маҳз бо шарофати баргузории  Иҷлосияи тақдирсоз ва қабул гардидани  санадҳои ҳуқуқӣ мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии   Сарвари давлатамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ,  ҳуқуқбунёд  ва ягона қадамҳои устувор гузоштанд.

Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон  барои ҳар яки мо  муҳиму ибратомӯз мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки  15 апрели соли 2016 аз ҷониби  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор қабул гардид, ки санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шавад.

Таҷлили Рӯзи Президент намунаи олии эҳтирому эътиқоди мардум  ба   муҳтарам  Пешвои миллат буда, муҳаббати беинтиҳои Сарвари муаззамро ба сокинони кишвар арзёбӣ менамояд.

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо заковат ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори  пояҳои давлати соҳибистиқлол бо азму ирода ва нерӯи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон  хизмати шоистаро пайгирона идома медиҳанд.

Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон муҳтарам Пешвои миллатро ҳамчун сарҷамъкунандаи миллат, наҷотбахши давлат, кафили сулҳу ваҳдат, Қаҳрамон ва эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосир ва Роҳбари муаззами миллӣ эътироф намуда, бузургӣ ва қадру манзалати муҳтарам Пешвои миллатро арҷгузорӣ менамоянд.

Ҳамдиёрони азиз!

Муҳтарам Пешвои миллат дар баробари ба даст омадани Истиқлолият на танҳо давлати пояндаро бунёд намуданд, балки дӯст доштани ин марзу буми муқаддасро ба ҳар яки мо бо рафтори ибратомӯз,  пайкори созанда ва садоқат ба Ватан омӯзониданд.

Заҳматҳои беназири муҳтарам Пешвои миллат дар назди халқи Тоҷикистон  бениҳоят бузург буда,  ҳар  яки моро  водор менамояд, ки дар  атрофи меъмори сулҳу ваҳдат – Президенти маҳбубамон муттаҳид бошем ва Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Бо чунин ниятҳои нек шумо  ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзодаро  ба ифтихори 25 – солагии  санаи бузург ва тақдирсози таърихӣ  –  Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ  ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона табрику таҳният  гуфта,  ба хонадони ҳар яки  шумо ободиву осоиш, рӯзгори бофайзу бобаракат ва дар амалӣ намудани нақшаҳои созанда  бурдбориҳоро  таманно менамоем.

Саломату сарбаланд бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *