Варзиш Фаъолияти Шӯроъ

БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ

print
Имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Дар ибтидо котиби раиси Шӯро, Фаридун Раҳмонов оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2022-2026” ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маълумот манзур намуд. Аз ҷумла иброз шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 63 мусобиқаҳои шаҳрӣ ва кушоди шаҳрӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш бо фарогирии 3051 нафар, 294 мусобиқаи варзишии деҳа ба деҳа ва маҳаллаҳои шаҳр аз рӯи намуди волейбол ва гӯштини миллӣ бо фарогирии 7274 нафар, баргузори гардид. гардида то охири сол идома меёбад.
Дари ин давра 53 мусобиқаи футболи хурд ва шоҳмоту шашка дар байни кормадони ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо фарогирии 732 нафар баргузор гардида, мусобиқаҳо аз рӯи намуди варзиши волейбол ва тенниси рӯи миз идома доранд.
Варзишгарони шаҳр танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, 133 медал, аз ҷумла 48 медали тилло, 32 медали нуқра ва 53 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони шаҳр ба гирифтани 3 медали тилло ва 2 медали нуқра сазовор гардиданд.
Дар идома Нақшаи кории Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ гардида, вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, вусъати кори Шӯро ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *