Кишоварзӣ Хабарҳо

НАҚШАИ КИШТИ ШОЛӢ БАРЗИЁД ИҶРО ШУД – ХАСТА НАБОШЕД, КИШОВАРЗОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА!

print
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани 2-3 ҳосил, инчунин иҷрои таъмини амнияти озуқаворӣ соли ҷорӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода кишти асосию такрориии шолиро 4500 гектар ба нақша гирифта, ба ҳолати 1-июли соли 2022 аз уҳдадории худ сарбаландона баромада, майдони кишти шолиро ба 4503 гектар расониданд.
Тибқи маълумоти муовини раиси шаҳри Турсунзода Пардалӣ Турсунзода кишти такрорӣ ба ивази ҳосили ғунучингардидаи ғалла, сабзавот ва картошка амалӣ гардида, дар саҳро ҳанӯз кишт идома идома дорад ва деҳқонон метавононад майдони кишти шолиро аз ин ҳам зиёд намоянд.
Н

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *