Нақлиёт

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО

print
(гузориши видеоӣ аз “Тв Сафина” https://www.youtube.com/watch?v=Cte_zyqMQvY)
Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таъмири асосии 30 км ва таъмирии ҷории бӣеш аз 170 км роҳҳои нақлиётгарди маркази шаҳр ва роҳҳои байнидеҳавӣ ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт муташаккилона оғоз гардидааст.
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз ҷараёни мумфаршкунии роҳи даромадгоҳи шаҳр дидан намуда, ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ба масъулин дастур дод.
Қаблан дар шафати роҳи мазкур ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ насб гардида, ҷиҳати хуррамгардонии муҳити зист дарахтони ҳамешасабзи нодир шинонида, атрофи роҳ бо фурӯзонакҳои муосир чароғон гардонида шуд.
Тибқи маълумоти сардори Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳр Ҳокимҷон Гадоев баро иҷрои таъмири роҳҳо дар корхона техникаи зарурӣ ва мутахассисон омода буда, ҷиҳати амалӣ намудани мумфаршкунӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома баста шудаст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *