Нақлиёт

ИФТИТОҲИ ПУЛИ НАҚЛИЁТГУЗАР ДАР ДЕҲОТИ РАБОТ

print
Сокинони деҳоти Работи аз ҷумлаи деҳаҳои Ширкент, Хайробод ва Қипчоқ Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтитоҳи пули нақлиётгузар, ки деҳоти мазкурро ба ҳам мепайвандад, истиқбол гирифтанд.
Дар ифтитоҳи иншооти мазкур раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқу ва фаъолони деҳоти Работ иштирок намуданд.
Раиси ҷамоати деҳоти Работ Қурбоналӣ Муродов қайд намуд, ки пули мазкур бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳашари дастаҷамъонаи сокинон ва соҳибкорони деҳоти Работ сохта шуд. Мавзеи мазкур дар натиҷаи омадани сел ва обхезиҳои давраи боришот хароб гардида, бо бунёди ин пул ин мушкилии сокинони маҳал бартараф гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *