Аҳолӣ

ҲАШАРИ СОЗАНДА ДАР ЧИРТАК

Ҷавонмардони ба ору номуси деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навобод бо мақсади ободии деҳа ва рушди маҳал дар ҳамдиливу эҳсоси баланди ватандорӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд. Ҳашарчиён ба таъмири ҷӯйбори шафати роҳи нақлиётгард, ки шоҳроҳи байналмилалиро бо деҳа мепайвандад, оғоз намуданд. Ҷӯйбори шафати роҳ таъмиру сементкорӣ ва атрофи он тахту ҳамвор гардида, аз ду ҷониб дарахтони […]

Барномаҳои давлатӣ

БАРРАСИИ БАРНОМАИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР

Имрўз дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Кумитаи рушди маҳалаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Қосим Роҳбар баргузор шуд, ки дар ҷараёни он рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию-иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҷаласаи сайёрро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Барнома […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МАҚСАД: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ ВА ҶАЛБИ САРМОЯ

Дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ миёни давлати Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории ҷониби Малайзия бо мақсади ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар самтҳи гуногуни хоҷагии халқ имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам дар мавзеи пазироии меҳмонон гурӯҳи кории Малайзияро дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифта, бо рушд ва имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр шинос […]

Аҳолӣ

РАМАЗОН МОҲИ ЭҲСОН ВА ХАЙРУ САДАҚОТ

Дар рӯзҳои нахустини моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи озодагии рӯҳ, имондориву тақво, ва хайру эҳсон ба ҳисоб меравад, дар доираи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии моддӣ ва расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба ниёзмандон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ба 150 нафар кормандони шуъбаи манзилию коммуналӣ […]

Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ЯКУМ

Таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷамъбаст гардид. Дар ибтидо муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқитисодии шаҳр ҳисобот манзур намуд. Баъд аз таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба […]

Территория

БУНЁДИ ПУЛ ВА ТАЪМИРИ РОҲ

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни боздид аз ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар деҳот бо рафти корҳо дар бунёди пул ва мумфарш намудани роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Боботоғи Ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиев шинос шуд. Таъкид шуд, ки бунёди пул ба анҷонм расида, дарозии пул аз 12 метр ва паҳноии он аз 6 метр иборат […]

Фарҳанг

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИД

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” , ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, шаҳри Турсунзода барои ғолиб омадан дар сатҳи шаҳрӣ ба ҷои сеюм ва дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардид Дар сатҳи деҳа бошад, деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Пахтаобод ба гирифтани ҷои 3 ва дипломи дараҷаи сеюм шарафёб гардид.

Фарҳанг

ЧОРАБИНИИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТИИ “СОЗИДАНИЯ”

Дар Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидания”-и шаҳри Турсунзода ба истиқболи Рӯзи кайҳоннавардон, ки ба 12 апрел рост меояд, бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз.Акрам. ва Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорь Семёнович Лякин-Фролов. чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд. Бояд тазаккур дод, ки 12 апрели соли 1961 кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар […]

Хабарҳо

КИШТИ ПУНБАДОНА

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷараёни кишти пунбадона дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Самир”, ки яке аз хоҷагиҳои пешқадами шаҳр маҳсуб меёбад, ширкат варзида, бо дуои неки пирони кор, муктахассисони соҳа ба мавсими кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Тибқи иттилои раиси хоҷагӣ Холов Шавкат Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Самир” дорои 275,28 га замини обӣ ва 408 […]