Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ЛАВҲАИ ХОТИРА 

print
 Дар деҳаи Каратоғи шаҳри Турсунзода бо мақсади зиндаёд гардонидани шоҳидон ва иштирокчиёни ҶБВ бахшида ба 75-солагии Ғалабаи бузург “Лавҳаи хотира” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи гӯшаи диловарони шуҷои Ватан раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Ф  ралов И. С. афсарону сарбозони базаи ҳарбии 201 мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони деҳа ва устодону шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.
Зимни баромади худ Акрамзода Парвиз Акрам иброз дошт, ки
Љанги дуюми љањон дар таърихи инсоният фољиабортарин љанг ба њисоб рафта, дар солњои Љанги Бузурги Ватанї миллати мо далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл нишон додаанд, ки дар сањифањои таърих абадан сабт гардидааст Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан чавонмардона муҳориба бурда, шаҳид гардидаанд.
-Аз ин лињоз, бунёди лавҳаи мазкур арҷгузорӣ ва зиндаёд намудани номи неки онҳоест, ки барои тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои Аврупо ба ивази ҷони худ сулҳро инъом кардаанд. Боварӣ дорам, ки ин лавҳа ва боғи хотира аз ин ба баъд барои ҳар як сокини диёр ба гӯшаи таърихи абармардони Ватан, майдони эҳсоси ватандӯстиву тарғиби сулҳу амонӣ табдил мегардад,-иброз дошт П. Акрамзода
Зимни баромади худ Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фралов И. С. иброз дошт, ки дар баробари дигар халќњои собиќ Иттињоди Шўравї мардуми бонангу номуси Тољикистон бањри таъмини Ѓалабаи бузурги таърихї сањми сазовор гузоштаанд. Имрӯзҳо низ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиндаёд гардонидани шаҳидон ва иштирокдорони ҶБВ корҳои назаррас амалӣ мегардланд, ки собити сиёсати сулҳофари Ҳукумати Ҷумҳарии Точикистон аст.
Дар идома саҳмгузорон ва иштирокчиёни фаъоли корҳои сохтмонӣ барои бунёди лавҳаи хотира бо “Номаи миннатдорӣ”-и Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Сипосномаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.
Зимни барномаи фарҳангӣ шеъру сурудҳои ватанпарварона тақдими ҳозирин гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *