Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам имрӯз дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти қабули навбатии сайёри шаҳрвандон баргузор шуд. Дар ҷараёни қабули сайёри шаҳрвандон ҳамчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ширкат варзид.



