Экология

ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

print
 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштироки беш аз 800 нафар намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони маҳал ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъонаи “Тозагии маҳал” ,“Тозагии роҳ” ва “Тозагии соҳил” баргузор гардид.
Дар ин замина тозаву озода намудани шафати роҳ, бартараф намудани партовҳои истеъмолӣ, алафҳои бегона, буриши санитарї ва сафед намудани пояи дарахтон, поккории соҳили дарёву каналҳо, ба тартиб даровардани роҳрав, шиору овезаҳои ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ҷараён гирифт.
Поккориҳо инчунин дар маркази шаҳр ва қаламрави деҳот сурат гирифта, тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар натиҷаи тозакориҳо ба партовгоҳи асосии шаҳр зиёда аз 30м3 партовҳои гуногун интиқол дода шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *