Агар ба давраи соҳибистиқлолии давлатамон назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин давра давраи пешравиҳо ва ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад. Самти қонунгузорӣ низ дар ҳамин давра таҳким ёфтааст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумӯи қонунгузорӣ замина гузошт. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти касбӣ табдил ёфт ва теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишвар нақши муҳим бозиданд. Баробари такмил ёфтани таҷрибаи қонунгузорӣ сифати қонунҳо низ давра ба давра, мувофиқи эҳтиёҷоти ҷомеа беҳтар шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият қонунҳое мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд, ки ба масъалаҳои сулҳу осоиштагӣ бештар нигаронида шуда буданд, аз ҷумла Қонунҳо «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра. Имрӯз бошад, қонунҳо асосан барои таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, он ба сатҳи нави рушди қонунгузорӣ замина гузошт. Дар солҳои минбаъда шаҳрвандон се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ба он тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонуни миллӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд. Қонунҳои мазкур воқеан хусусияти миллӣ дошта, маҳз ба миллати тоҷик мансубанд. Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони Истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон низ аз ҳамон ҷумла аст. Маҳмаризо Ашуров, сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода
Сабтҳои охирин
ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД… Ё посухе ба Мирзои Салимпур
Дӯстам Мирзои Салимпур! Аслан, навиштанро он қадар дӯст намедорам зеро вазифаи ман нест, вале навиштаҳоятро дар робита бо филми «Хиёнат» хондаму кунҷковии касбиам боло гирифт. Дар он бисёр нуқтаҳои ҷолиберо дарёфтам. Ва тасмим гирифтам ба худат муроҷиат кунам.
Журналистское подполье Таджикистана: герои настоящие и мнимые (Репортаж из мест событий)
По данным из кругов близких к представителям пишущей братии, нашедшим приют в странах Восточной и Западной Европы, таджикских журналистов так называемой новой волны, стоящих на диссидентской платформе и вобравших опасный протестный потенциал происламского контента насчитывается 35 человек. Они разбросаны и разобщены как географически, так и по мировоззренческим критериям. Выявлено, что проблемы денежно-имущественного свойства, неустроенность членов […]
Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар Миср: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ.
Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар Миср: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ” Конференсияи мазкур зери сарпарастии пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии “Ҳивор” ва Намоишгоҳи баҳрӣ барпо мегардад. […]