Агар ба давраи соҳибистиқлолии давлатамон назар афканем, маълумамон мегардад, ки ин давра давраи пешравиҳо ва ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо мебошад. Самти қонунгузорӣ низ дар ҳамин давра таҳким ёфтааст. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумӯи қонунгузорӣ замина гузошт. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти касбӣ табдил ёфт ва теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халки кишвар нақши муҳим бозиданд. Баробари такмил ёфтани таҷрибаи қонунгузорӣ сифати қонунҳо низ давра ба давра, мувофиқи эҳтиёҷоти ҷомеа беҳтар шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият қонунҳое мавриди баррасӣ ва қабул қарор гирифтанд, ки ба масъалаҳои сулҳу осоиштагӣ бештар нигаронида шуда буданд, аз ҷумла Қонунҳо «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра. Имрӯз бошад, қонунҳо асосан барои таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, он ба сатҳи нави рушди қонунгузорӣ замина гузошт. Дар солҳои минбаъда шаҳрвандон се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ба он тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонуни миллӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд. Қонунҳои мазкур воқеан хусусияти миллӣ дошта, маҳз ба миллати тоҷик мансубанд. Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони Истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд. Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон низ аз ҳамон ҷумла аст. Маҳмаризо Ашуров, сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода
Сабтҳои охирин
The National Alliance – this is the TEO IRP
On September 9, 2018, the terrorist-extremist organization Islamic Renaissance Party (TEO IRP), jointly with three out-of-the-way structure, or rather virtual structures – the Forum for Free-Thinkers of Tajikistan, the Reform and Development Movement and the Central Asian Migrants Movement, announced on the formation of the so-called National Alliance of Tajikistan, the leader of which predictably […]
Баёнияи созмони ифротии «Гурӯҳи 24» пойдарҳавост
Неруҳои бадхоҳ ва душман аз ҳар фурсату баҳонае истифода бурда, амалҳои зишти худро нисбат ба ватану миллати мо анҷом доданӣ мешаванд. Ҳоло ки масъалаи таъмини волоияти қонун ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази диққати ҳамагон, аз ҷумла воситаҳои ахбори умум қарор дорад, ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои террористию ифротӣ (ТТЭ […]
Раҳмон “Роғун”-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид. ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори […]