Хабарҳо Экология

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ СЕЛУ ОБХЕЗӢ

print

“Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” –  гуфтаанд. Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ин мақоли халқиро хуб дарк карда, тариқи ҳашар ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ камари ҳиммат бастаанд. Онҳо мавзеъҳои хатарноки дарёи Қаратоқро,  ки аз байни деҳоти ҷамоатӣи мазкаур мегузарад,  дар давраи камобӣ мустаҳкам намуда истодаанд. Ҳамасола сокинон, хоҷагидорон  ва соҳибкорони маҳал корҳои соҳилмустаҳкамкуниро бо мақсади пешгирии хавфи обхезӣ анҷом медиҳанд.  Ба вуҷуд омадани ҳалоти фавкуллода, аз ҷумла селу боришот аз омадани худ дарак намедиҳад. Аз ин лиҳоз иҷрои саривақтии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои бехатарии аҳолӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Дилшод Раҳмонов, хабарнигор

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *