Муҳтарам кабирипарастон, бо дарду алам ба Шумо муроҷиат менамоям, ки маблағҳои аз ҳисоби беақлии гумроҳон ҷамъкардаи ман рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Бо баҳонаи «Эъломияи Кумитаи шаҳрвандии зиндониёни сиёсӣ» шуморо ба митинг даъват намуда, мехоҳам мавқеи сипсиёҳи сиёсии худро сиёҳтару суратҳисоби бонкиамро аз ҳисоби беақлии гулу гумроҳон афзун гардонам. Худоё, сафи беақлаконро бештару аз ин ҳисоб долларҳои маро зиёда гардонӣ… – Мақсад дорам, ки зимни роҳпаймоӣ нооромӣ ва террор сурат гирад. Барои ин кор ду се аблаҳро низ тайёр кардаам. Дусе каси дигар ҷароҳат бардорад, хуб аст. Охир ману пайравони ман сабаби марги садҳо ҳазор ҳамватанон шуда, аз ҳамин ҳисоб бой шудаем. Ин дафъа боз ду се ҷароҳат шавад, ҳеҷ боке надорад… Айбашро ҳатман ба сари Ҳукумати Тоҷикистон мезанем. Мақсади пасипардагии ман дар кӯчаҳои Аврупо кайфу сафо карда гаштан аст… Чунки “бародарони аврупоӣ” вақтҳои охир аз мо дилашон мондагӣ барин. Масъалаи буду боши моро бардоштанианд. Барои ҳамин як митинг карда, чорта лоф занем, шояд дурӯғамон манфиат орад… Ҳар қадар гумроҳакон дар атрофи мо ҷамъ шаванд, ҳамон қадар эътимоди мо баланд мешавад. Хоҷаҳо зуд бовар мекунанд, ки ин тӯда бечораяконе ҳастанд, ки ба кӯмаки демократӣ ниёз доранд. Сонӣ ба мо пул медиҳанд. Аз кабирипарастон ва гумроҳакон боз як хоҳиши дигар дорам. Вобаста ба он, ки доим хабарнигорон дар расонаҳо роҷеъ ба 3 млн. доллари ИМА-и ман ва 1,2млн.доллар, ки ба ҳоҷӣ Ҳалим ирсол шуд, менависанду менависанд Аммо шумо доир ба ин 2-3- тангаи пучак нигарон набошед ва барои де се суми пучак бояд обрӯи якдигарро нарезонем, охир мо ҳама фарзандони наҳзатием-ку! Шумо бовар кунед, хонаву дар ва мошинҳои ман ҳамагӣ буду шуд 10 миллионак аст. Охир ин рақамро бояд зиёд намуд. Аз ин рӯ, мани бечораро дастгирӣ кунед, ҳатман ба митниг бароед. То ки миллионакҳои ман бо сабаби беақливу гумроҳии шумо ба миллиард расад. Мебиёед – а? Ба беақливу гумроҳии Шумо муътамидам ва комилан боварӣ дорам, ки маро дар ин пайроҳаи нафсу шайтанат танҳо намегузоред.
Сабтҳои охирин
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ
Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар фазои идона боз як иншооти иҷтимоӣ – Маркази саломати деҳаи Батош ба истифода дода шуд. https://www.youtube.com/watch?v=_BHdDzDtZkI Дар маросими ифтитоҳи марказ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ва раиси шаҳри Турсунзода Абдукодир Вализода иштирок […]
ГКНБ РТ подтвердил информацию о готовящемся теракте
На самом деле теракт у объектов РВБ был предотвращен таджикскими силовиками. По информации пресс-секретаря ГКНБ РТ в действительности имеет место факт о готовящемся теракте.
ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А ба муносибати РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА
Муҳтарам кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Шуморо ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрику муборакбод намуда, сиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулу пуршараф бурдбориву муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд. Мақомоти прокуратура яке аз ниҳоди боэътимоди мамлакат ба ҳисоб рафта, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза алайҳи […]