Муҳтарам кабирипарастон, бо дарду алам ба Шумо муроҷиат менамоям, ки маблағҳои аз ҳисоби беақлии гумроҳон ҷамъкардаи ман рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Бо баҳонаи «Эъломияи Кумитаи шаҳрвандии зиндониёни сиёсӣ» шуморо ба митинг даъват намуда, мехоҳам мавқеи сипсиёҳи сиёсии худро сиёҳтару суратҳисоби бонкиамро аз ҳисоби беақлии гулу гумроҳон афзун гардонам. Худоё, сафи беақлаконро бештару аз ин ҳисоб долларҳои маро зиёда гардонӣ… – Мақсад дорам, ки зимни роҳпаймоӣ нооромӣ ва террор сурат гирад. Барои ин кор ду се аблаҳро низ тайёр кардаам. Дусе каси дигар ҷароҳат бардорад, хуб аст. Охир ману пайравони ман сабаби марги садҳо ҳазор ҳамватанон шуда, аз ҳамин ҳисоб бой шудаем. Ин дафъа боз ду се ҷароҳат шавад, ҳеҷ боке надорад… Айбашро ҳатман ба сари Ҳукумати Тоҷикистон мезанем. Мақсади пасипардагии ман дар кӯчаҳои Аврупо кайфу сафо карда гаштан аст… Чунки “бародарони аврупоӣ” вақтҳои охир аз мо дилашон мондагӣ барин. Масъалаи буду боши моро бардоштанианд. Барои ҳамин як митинг карда, чорта лоф занем, шояд дурӯғамон манфиат орад… Ҳар қадар гумроҳакон дар атрофи мо ҷамъ шаванд, ҳамон қадар эътимоди мо баланд мешавад. Хоҷаҳо зуд бовар мекунанд, ки ин тӯда бечораяконе ҳастанд, ки ба кӯмаки демократӣ ниёз доранд. Сонӣ ба мо пул медиҳанд. Аз кабирипарастон ва гумроҳакон боз як хоҳиши дигар дорам. Вобаста ба он, ки доим хабарнигорон дар расонаҳо роҷеъ ба 3 млн. доллари ИМА-и ман ва 1,2млн.доллар, ки ба ҳоҷӣ Ҳалим ирсол шуд, менависанду менависанд Аммо шумо доир ба ин 2-3- тангаи пучак нигарон набошед ва барои де се суми пучак бояд обрӯи якдигарро нарезонем, охир мо ҳама фарзандони наҳзатием-ку! Шумо бовар кунед, хонаву дар ва мошинҳои ман ҳамагӣ буду шуд 10 миллионак аст. Охир ин рақамро бояд зиёд намуд. Аз ин рӯ, мани бечораро дастгирӣ кунед, ҳатман ба митниг бароед. То ки миллионакҳои ман бо сабаби беақливу гумроҳии шумо ба миллиард расад. Мебиёед – а? Ба беақливу гумроҳии Шумо муътамидам ва комилан боварӣ дорам, ки маро дар ин пайроҳаи нафсу шайтанат танҳо намегузоред.
Сабтҳои охирин
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Posted on Author Tursunzoda
Имрӯз Конферонсеияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ҳизбии ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси шаҳри Турсунзода – аъзои Раёсати КИМ ХҲДТ Акрамзода Парвиз Акрам, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, собиқадорони ҲХДТ ва як қатор аъзои ташкилоти ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ибтидо ҳисоботи […]
Абдулло Раҳнамо: ҷавонон набояд пайрави ҳар гуна “паймонҳои зидимиллӣ” гарданд
Posted on Author Tursunzoda
https://youtu.be/hhFUeRBMHZA
Мушти ҳақиқат ба рӯйи наҳзат
Posted on Author Tursunzoda
Соли 2018 бо воқеъаҳо ва ҳодисаҳои аҷибу ғарибаш дар хотирҳо мондааст. Яке аз воқеъаҳои аҷиби дар соли гузашта рухдода муноқишаи тудаи террористони наҳзатӣ бо яке аз аъзоёни ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Саидзода зимни баргузории конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон буд.

