Нуқтаи назар Сиёсат

БАР ВАТАН САНГИ МАЛОМАТ НАЗАНЕД!

print

Имрӯзҳо мо аз сомонаҳои интернетӣ хабардорем, ки нисбат ба сиёсати давлат ва ҳатто нисбат ба шахсиятҳои бузурге, ки баҳри давлату миллати хеш ҷонфидо ҳастанд, аслан ба Президенти мамлакати мо, шахсе ки давлати соҳибистиқлолро бунёд кард, ҷони худро барои ободии халқу Ватани азизи хеш дареғ надошт- Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ мӯхтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон суханҳои ноҷо ва ҳатто бемаъниву бемаврид гуфта истодаанд.
Ҳангоме, ки Ҷаноби Олӣ камари ҳиммат бастанд, то халқи парешонгаштаро ҷамъ оваранд, ҳангоме, ки давлат дар коми оташ буду халқ парешону беҷову макон, мардум аз ёру бародар, падару модар, шахсони азизи худ бесабабу бегуноҳ маҳрум гаштанду сарсону саргардон буданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи душвору пурмасъулиятро бар уњда гирифтанд, куҷо буданд ана ҳамон шахсон ба мисли Кабирию дигар кӯрнамаконе, ки имрӯзҳо аз дуриҳо истода, нисбати давлати тинҷу осуда ва шахсиятҳои бузург носазо сухан мегуянд…
Модоме, ки имрӯз ба давлати тоҷикон ин қадар «меҳрубон»-у «дилсуз» шудаанд, ҳангоми ба коми оташ рафтани давлат куҷо буданд? Вақте ки халқи парешон ба раҳбари ваҳдатофару ташаббускор, сарвари меҳрубону дилсӯз ва ҳомии ҳуқуқ эҳтиёҷ дошт, куҷо буданду ҷиҳати ҳамдиливу сарљамъии миллат кӯшиш накарданд?
Онҳое, ки имрӯз муқобили давлати ободу озод ҳастанд, худи онҳо куҷоро обод кардаанду баҳри пешрафти мамлакат чӣ саҳме доранд ?
Ман ба сари баланд ва боварии комил мегӯям, ки тоҷикистониён ободиву пешравиҳо ва зебогии Ватанро, ки самараи тинҷиву осудагӣ, меҳнати ҳалоли мардум ва бо шарофати заҳматҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат ба даст омадааст, қадр менамоянд.
Мо бо ақли солим суханҳои маломатгӯёнро бо ободиҳои Ватан муқоиса мекунем ва зинҳор фирефтаи афсонаҳои бардуруғи дасисабозон намешавем. Зеро онҳо ободиву озодии моро дида наметавонанд мақсади пош додани давлати тинҷу осуда ҳастанд ва барои ин хиёнат ҳатто аз ҷониби хоҷагонашон маблағгузорӣ ҳам мешаванд
Мо Ватани Худро дӯст медорем, сиёсати Ҳукумати мамлакат ва муҳтарам Пешвои миллатро содиқона пайгирӣ намуда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати боз ҳам рушду нумуи Ватан камари ҳиммат баста, барои устувории пояи давлати соҳибистиқлол собитқадамона ба пеш меравем! Поянда бод мардуми шарафманди Тоҷикистон!

Турсунова Меҳрангез
ҷонишини директори
МТМУ №98 :


Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *