Нуқтаи назар

БА ҚАДРИ УСТОД МЕБОЯД РАСИД

print

Омӯзгор, табиби ақли инсон! Ақлҳоро пурра, чашмони камнурро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи каҷро рост, забони лолро бурро месозад. ӯ рӯзу шаб, хоҳ дар хоб, хоҳ дар бедорӣ роҳу усулҳои ба шогирдонаш тарбияи дуруст доданро меандешад. Ба шогирдон бо заҳмати зиёдсаводу таълим меомӯзад. Дар натиҷа бо талошу заҳмати зиёд кӯдакро саводноку хушодоб менамояд.

Дар ҷомеаи имрӯза саҳми устодон оиди тарбияи насли наврас басо калон аст. Шогирдон чун саводнок мешаванд, баъди хатми муассисаи таълимӣ таҳсилро дар Коллеҷу Донишгоҳҳои олӣ идома дода, соҳиби касбу кор, мартабаҳои баланд шуда, дар ҷомеа ҷои худро ишғол менамоянд. Бештарашон бо ақлу одоби накӯ ба қадри устодон мерасанду онҳоро иззату эҳтиром мекунанд.

Лек, баъзе шогирдон устодони хешро ҳурмат намекунанд. Дар ҳаёт бо шогирдоне дучор меоем, ки устодро таъна мекунанд, дилашро озор медиҳанд. Ба онҳо нафрати кас меояд.

Ин гуна бадзотонро чӣ бояд гуфт? Ба қавли Саъдии Шерозӣ:

Саъдиё, Шерозиё, таълим мадеҳ бадзотро,

Бадзот агар олим шавад, санге занад устодро!

Ҳақиқатанд ин гуфтаҳои Шайх Саъдӣ. Нафароне пайдо мешаванд, ки пулу молро дида, ё соҳибмансаб гардида, одамгариро фаромӯш менамоянд. Заҳматҳои устодонро ба назар намегиранд, ҳатто ба онҳо салом намедиҳанд. Устодонро масхара менамоянду бар ҳолашон механданд…

Ин гуна носипосон ҳайфи номи одамӣ шаванд.

Пас, ба шогирдони азиз гуфтаниям: Ба қадри устодон бирасед. Биандешед, ки маҳз бо туфайли ранҷи ин ашхоси ранҷкашу накӯном ба чунин рӯз расидаед!

Муаллим чашми дилро боз созад,

Ҷаҳон бар одамӣ анбоз созад.

Муаллим он ки дар анҷоми таълим,

Зи шогирдони худ устод созад!

Оре, ба қадри устодони хеш нарасидани баъзе шогирдон ин нишонаи аблаҳӣ буда, носипосӣ дар шаъни устодони азиз аст.

Абдузоҳид ХОЛИҚОВ,

сокини деҳаи Даҳбед, ҷамоати деҳоти Қаратоғ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *