Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг

ИЗТИРОБ

print

Вақте ки кӯчаҳои пуродаму сернақлиёти Мирзо Турсунзодаву Парпӣ Тоҷиев (атрофи Бозори марказӣ, бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» ва назди Муҷассамаи Мирзо Турсунзода)-и шаҳрамон ба тартиб омад, мардум аз ин шод шуд. Баробари ин ба таъмири ҷӯйборҳои атроф ва роҳҳои пиёдагард кор шуруъ гардид. Дар канори роҳҳо гулдонҳо гузошта, дар онҳо гул шинонданд. Ва кӯчаҳоро зеб доданд. Ин манзараҳо роҳгузаронро кайфияте мебахшанд.

Барои офаридани ин манзараҳо гуруҳи одамон заҳмат кашиданд. Аз ин ободкориашон на танҳо онҳо, балки нафароне, ки аз назди гулдонҳо мегузаранд, масрур мешаванд. Аммо баъзеҳо, ки аблаҳаш ном мебарем, ба корҳои ободонӣ истиснод меоранд. Ба ҷойи машғули ободгарӣ шудан даст мезананд ба табоҳкорӣ. Ин қабилҳо садқаи манзараҳои зебои шаҳрамон шаванд! Ва мо шаҳрдоронро лозим меояд, ки садди роҳи ин гуна аблаҳон шавем. Нагузорем, ки аз ҷониби онҳо ба манзараҳои зебои шаҳрамон осебе расад. Бале, чунин бояд кард…

А. КӮҲЗОД.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *