Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Фотолавҳа

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

 

Наврӯзи байналмилалиро мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои тоза зери Парчами  якдиливу ҳамбастагӣ пешвоз гирифтанд.

Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва ҳайати меҳмонон- намояндагони шаҳру навоҳии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистонро, ки таҳти роҳбарии муовини якуми вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда буданд, дар даромадгоҳи шаҳр дар фазои тантагавӣ пазироӣ намуд.

 Дарахти дӯстӣ

Наврӯз, ки айёми эҳёи табиат, вақти киштукори деҳқон, хуррамгардонии муҳити зист ва тозакориҳост, аз ҷониби меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстиву бародарӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода мавқеъ дар заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбе ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Иншооти ҷашнӣ. Дар заминаи анъана ва суннатҳои неки созандагӣ мардуми шаҳри Турсунзода дар арафаи ҷашни Наврӯз як қатор иншооти муҳими иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Аз ҷумла, дар ин рӯз аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Ҳазратқулов дар маҳаллаи  сеюми шаҳр бинои истиқомтии баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур аз 6 ошёна ва 36 хонаи 1 ва 2 ҳуҷрадор бо харҷи беш аз 1,5 миллион сохта шудааст.

Буридани лентаи рамзӣ ва тантанаи ифтитоҳи бино бо иштироки меҳмонон сурат гирифт.

Намоиш. Варзишгоҳи марказии шаҳр бо риояи суннатҳои наврӯзӣ-намунаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи таомҳои миллӣ, дастурхони идонаи «ҳафтсину ҳафтшин» бо суманак ва дигар хӯрокҳои миллӣ оро гардида, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ашёи косибӣ, либосҳои миллӣ, гӯшаҳои сайёҳӣ, бозиҳо ва намудҳои варзиши миллӣ манзури меҳмонону сокинон гардонида шуд.

Барномаи фарҳангӣ. Дар оғози чорабинӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати  Наврӯзи байналмилалӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Зикр шуд, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашни миллии  тоҷикон буда, бо сифатҳои инсонпарварона, некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба оламиён муаррифӣ гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Имрӯзҳо Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ дар арсаи ҷахон таҷлил гардида, собит менамояд, ки одамони сайёра ба оини  фарҳангиву инсонпарваронаи Наврӯз эҳтиром дошта, онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву шукуфоӣ эътироф менамоянд.

Муовини якуми ҳокими Вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Тӯра Боболов ба сухан баромада, изҳор дошт, ки халқҳои дӯсту бародари тоҷику ӯзбек санаи 9 марти соли равон нахустин пайғом ва муждаи наврӯзиро эҳсос намуданд,  зеро дар ин рӯзи таърихӣ аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сурат гирифта, аз ҷониби муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои муҳими байнидавлатӣ ба тасвиб расида, саҳифаи нави таърихиро дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, накӯҳамсоягӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ду халқи бародар ифтитоҳ намуд.

 

Дар ин радиф зимни суханронии табрикотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода меҳмонононро ба шаҳри Турсунзода хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Наврӯз дар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адолат бунёд гардида, мМо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон дар арсаи олам ҳамчун ватани Наврӯз шинохта шуда, мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода низ дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накӯтарин анъанаҳои миллӣ саҳми арзанда доранд, – иброз дошт А.Вализода.

Дар идома намунаи фарҳангу санъати минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зимни барномаи театрикунонидаи фарҳангӣ бо иштироки беш аз 2000 нафар ҳунармандон намоиш дода шуд, ки ба ҳозирин рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

 Ҷашни Наврӯз дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва кӯчаҳои шаҳр бо сайругашти идонаи сокинону меҳмонон то дергоҳ идома ёфт.

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *