Хабарҳо

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ-2020

print

Санаи 7 ва 8 декабри соли равон дар Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони соҳаи омори шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020  баргузор шуд.

Дар қисми ифтитоҳии семинар Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва раиси шаҳри Турсунзода Саломзода Сиҷоуддин ширкат варзида суханронӣ намуданд. Раиси шаҳр Саломзода С. иштирокдорони машваратро ба шаҳри Турсунзода хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. – 

Баргузории ин маъракаи муҳим аз масъулин  тақозо менамояд, ки дар ҷамъоварии маълумоти оморӣ масъулияти баланд нишон дода, ҷиҳати саҳеҳияти он мароқи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Мутмаинем, ки масъалагузориҳои семинари мазкур низ ба  паҳлӯҳои гуногун ва муфиди ин маъракаи муҳим равшанӣ  меандозад, – иброз  дошт раиси шаҳр. Дар идома Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба сухан баромада афзуд, ки мақсади барӯйхатгирии аҳолӣ ин дастрас намудани маълумот дар бораи шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ амалӣ гардида,  зимни баргузории он ба масъалаҳои ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои меҳнатӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мароқи ҷиддӣ зоҳир мегардад. – Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 моҳияти байналхалқӣ дошта, ҷиҳати баргузории он ҳанӯз соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид санади махсус ба тасвиб расидааст. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба ин маъракаи муҳим дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» як қатор қарору фармон ва санадҳои дахлдорро қабул намуд,   – илова кард  директори Агентӣ.Ҳамзамон Ҳасанзода Г. К. ба ҳозирин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 12.10.2015, №572,  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018»-ро мавриди шарҳ қарор дода, иброз дошт, ки  барӯйхатгирӣ аҳолӣ  бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии ҳаёт ва манзили шахс, ки онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, гузаронида мешавад. Дар идомаи машварат вобаста ба масоили рӯзмарра – омодагиҳо ба барӯихатгирии санҷишии соли 2018,  принсипҳо, даврият ва муҳлати гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, тартиби Низомнома, ҳуҷҷатгузорӣ, мақсади асосии барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ, тартиби нақшаи тақвимии чорабиниҳо, омода кардан ва гузаронидан, коркард, ҷамъбаст намудани натиҷаи он мавриди  шарҳи иштирокдорон қарор гирифта, миёни ҳозирин мубодилаи

афкор сурат гирифт.

Котиби матбуоти раиси шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *