Сокинои деҳаи Регаки деҳоти ба номи Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро ҷиҳати бунёди майдонҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа ва инчунин ташвиқи тарзи ҳаёти солим мавриди татбиқ қарор дода, дастаҷамъона ба бунёди майдончаи варзиши камари ҳиммат баста, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маросими тантанавии ифтитоҳи майдон раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам […]
Варзиш
БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМОРОФОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки беш аз 5000 нафар ҷавонон ва сокинони касбу кори гунонгун чорабинии варзишии дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар чорабинии мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки варзиш – қосиди сулҳ ва тарғибгари арзишҳои олии инсонӣ буда,ҷавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилаливу ватанӣ қувваозмоӣ намуда, […]
Ба ифтихори таҷлили 21-солагии Рӯзи Вахдати миллӣ дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тағгоев Шокир майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз майдончаи футболи хурд, майдонҳои волейбол, баскетбол, бамбинтон ва бозиҳои шавқовари кӯдакона иборат буда, тибқи лоиҳа дар оянда ҳамчунин бунёди ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша ширифта шудааст. Лентаи рамзии […]
БО МАҚСАДИ ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛУ ЛАЁҚАТМАНД
Ҳамасола бо мақсади дастгирии ҷавонони фаъолу лаёқатманд аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода озмун оид ба муайян намудани барандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода гузаронида мешавад. Моҳи июни соли 2017 чунин озмун бо иштироки зиёда аз 400 нафар хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода доир гардид, […]
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РӮЗМАРРА
Дар машварати кории назди раиси шаҳри Турсунзода, ки таърихи 22 январи соли равон дар конфронстолори мақомоти иҷроия баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғоз С. Саломзода вобаста ба баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 ва вазифаҳои асосӣ барои соли […]
ПОЯНДА БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!
Санаи 29 декабри соли 2017 дар Кохи «Дӯстӣ» бахшида ба Соли ҷавонон – таҳти унвони «Поянда бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Саломзода Сиҷоуддин ва беш аз 700 нафар ҷавонони фаъол чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ибтидо Саломзода Сиҷоуддин ба сухан баромада иброз дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда, идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии […]
ШАҲРДОРӢ НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2017
Маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 таърихи 5 январ таҳти роҳбарии Саломзода Сиҷоуддин бо иштироки намояндаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар, муовинони раиси шаҳр, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои […]
ДАЛЕЛҲОИ ХОТИРМОНИ СОЛИ 2017
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Дар ин сол ҷавонони шаҳри Турсунзода низ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри таҳсили аъло намудан, касбомӯзӣ ва ободкориҳои сарзамини аҷдодиамон саъйи беандоза намуданд. *** Моҳи феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин […]
ИТТИЛОИЯ АЗ ҶАРАЁНИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМ
Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Сиҷоуддин Саломзода санаи 27 декабри соли равон баргузор шуд. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, […]
ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дурахшони рушди имрӯза ва минбаъдаи кишвари ҷоноҷонамон саҳифаи наверо кушод. Наврасону ҷавонон дар ҷомеа ҳамеша рамзи матонату ҷасорат, қатъияту шуҷоат, омили пешравию шукуфоӣ, пойдории Ватану миллат буданд ва хоҳанд монд. Бешубҳа нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]