Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Турсунзода аз санаи 17 то 22 май дар шаҳри Турсунзода ҳафтаи ҷавонон таҳти унвони “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон” гузаронида мешавад. Дар доираи ин чорабинӣ донишҷӯёри коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳр ҳамарӯза барномаи Шоми ҷавонӣ баргузор намуда, дастовардҳои худро ба намоиш мегузоранд. Имрӯз бо иштироки донишчуёни Коллечи тиббӣ чорабинии фарҳангӣ […]
Таҷлил
ТАНТАНАИ РӮЗИ ОИЛА
Ҳамасола санаи 15 май дар саросари кишвари азизамон Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори конфронсҳои Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода чорабинии ботантана баргузор шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оилаҳои намунавӣ, фаъолзанҳо, навхонадорон ва ҷавонони шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода дар ибтидо ҳозиринро […]
ТАНТАНАИ РЎЗИ ҒАЛАБА
Аз ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 74 сол сипарӣ гардид. Бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар шаҳри Турсунзода чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар ибтидо баҳри поси хотири шаҳидони ҷанг аз ҷониби Абдуқодир Вализода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу […]
ҒАМХОРӢ БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Дар арафаи таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба бар олмони фашистӣ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд. Бо мақсади қадрдонии собиқадорони ҷанг ба шаҳри Турсунзода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зафар ташриф оварда, ба ҳар як собиқадори ҷанг панҷ ҳазор […]
КОРМАНДОНИ РАДИО ВА СОҲАИ АЛОҚА ҚАДРДОНӢ ШУДАНД.
Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи радио ва корманндони соҳаи алоқа маҷлиси ботантана баргузор гардид. Раиси шаҳр Абдуқодир Вализода мутахассисони радио ва ва соҳаи алоқаи шаҳрро табрик намуда, иброз дошт ки дар шаҳр 2 редаксияи радиошунавонӣ- радиои маҳаллии “Садои Осиё” ва радои Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” фаъолият намуда, ҳамарӯза […]
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ
Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар Нозироти андози шаҳри Турсунзода маҷлиси ботантана баргузор шуд. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Ғафурҷон Собирзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кормандони Нозироти андози шаҳрро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният намуд. Таъкид шуд, ки кормандони Нозироти андози шаҳри Турсунзода ҷиҳати таъмини нақшаи буҷет, рушди […]
ТАНТАНАИ БУЗУРГДОШТИ ШОИР
Бузургдошти 108-солагии устод Мирзо Турсунзода дар зодгоҳи шоир – шаҳри Турсунзода бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ибтидо бо иштироки раиси шаҳр Абдуқодир Вализода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол ва меҳмонон дар пояи муҷассамаи устод гулчамбар гузошта шуд. Ба муносибати зодрӯзи адиб ва арбоби сиёсиву ҷамъиятӣ намоишгоҳи дастовардҳои шуъбаи маорифи шаҳр, гӯшаҳои намоиши […]
КОНФРОНСИ ИЛМӢ- БУЗГДОШТИ ШОИРИ СУЛҲСАРО
Бахшида ба 108-солагии устод Мирзо Турсунзода дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода дар мавзӯи Мирзо Туруснзода – шоир, нобиғаи бузургу башардӯст ва мубориз дар масири сулҳу субот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ҷарёни конфронс маърӯзаҳои намояндагони ҷумҳуриҳои ба мо дӯсту бародар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон Қазоқистон, Белоруссия ва ғайраҳо ҷой дода шуда, ашъори устод Мирзо […]
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода Нарӯзи байналмилалӣ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар зери Парчами якдиливу ҳамбастагӣ таҷлил гардид, ки дар ҷараёни он меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд. Дар ибтидо меҳмонон ҳамчун рамзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар идома ба […]
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маҷлиси ботантана баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода матбуотчиёнро ба ифтихори иди касбӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар шаҳри Турсунзода матбуот рушду такомул ёфтааст. Дар даврони Шӯравӣ […]