Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар арафаи Рӯзи Модар бо як қатор занҳои фаъоли шаҳр, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнати пурсамар намуда, дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр саҳми муносиб доранд, ба ифтихори Рӯзи Модар вохӯрӣ намуда, огҳоро ба ифтихори иди баҳору зебоӣ табрику муборакбод ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд. Зимни суҳбат […]
Таҷлил
МУБОРАКБОДИИ ОФАРАНДАГОНИ ТОЗАГИВУ ЗЕБОӢ
Имрӯз ба истиқболи Рӯзи модар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои кормандони шуъбаи манзилию комммуналӣ ва хоҷагидорӣ, инчунин муассисаи манзилию коммуналӣ чорабинии идона ташкил намуд. Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам занону бонувони соҳаро ба муносибати иди баҳору зебоӣ-Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки маҳз натиҷаи меҳнати софдилонаи занону бонувони соҳа аст, […]
ЗАНИ АНГУРПАРВАР. Дар шаҳри Турсунзода 51 хоҷагии деҳқониро бонувон роҳбарӣ менамоянд
ТУРСУНЗОДА, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки «Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад». Ин суханҳои неки Сарвари давлатро модари ҳафт фарзанд Одинахон Оразалиева […]
МОДАР ОЛИҲАИ МЕҲРУ ШАФҚАТ ПАЁМИ МУБОРАКБОДИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР Модарону хоҳарони муҳтарам! Фарзандони азиз ва ҳамдиёрони гиромӣ! Баҳори гулрезу хуррам ба Тоҷикистони биҳиштосои мо қадами хуҷаста ниҳода, ин айёми сарсабзиҳо тамоми накҳати худро ба истиқболи Рӯзи Модар пойандоз гардонидааст. Боиси шукргузориву ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи […]
ТАҶЛИЛИ ИДИ САДА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода Иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид. Намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати […]
ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБӢ БА КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР
МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли кормандони шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисорро ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза […]
ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ба истиқбои Соли нави 2022
Ҳамдиёрони азиз, Соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли воқеан таърихӣ ва фаромӯшнопазир – соли авҷи корҳои созанда ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи Ватан сабт гардида, кишвари азизи мо ба соли 2022, ба марҳалаи нави рушду тараққиёт ворид мегардад. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри […]
ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаи таҷлили ин рамзи муқаддас аз гулчанбаргузорӣ дар пояи Парчами давлатии шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иброз доштанд, ки ки халқи сарбаланди […]
ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилот, фаъолон ва собиқадорони меҳнат чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҳозирин ва кулли сокинони шаҳрро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки […]
ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз, Дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, рӯйдодҳои муҳими таърихии кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фараҳбахш ҷашн гирифта мешаванд. Ин санаи пурифтихор яке аз саҳифаҳои заррини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, мардуми меҳнатдӯсти […]