Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Хабарҳо

ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ»

Дар шаҳри Турсунзода директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффар бо намояндагони касбу кори гуногун вохӯрӣ баргузор намуда, дар мавзӯи «ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ» маърӯза намуд. Зимни маърӯза қайд шуд, ки омӯзиши антропологияи инсон омили тарбияи инсони комил буда, даст ба ҷиноят задани […]

Иҷтимоиёт

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

Таърихи 21 апрели соли равон дар майдони     Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода маросими савгандёдкунии беш аз 160 нафар наваскарони қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.     Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода сарбозонро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи […]

Иҷтимоиёт Фарҳанг

 ҲАҚҚИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

      Ҳамд бар Худо, дуруд бар Муҳаммади Мустафо (с), ба номи Худованди бахшоянда ва бахшандаи меҳрабон. Саҳобагони ислом аз Паёмбари ислом пурсиданд: «Ай расули Худо, мусалмони ҳақиқӣ  кист?» Гуфтанд расули Худо (ман салимал муслимуна  мин лисониҳи ва ядиҳи) – яъне мусалмони ҳақиқӣ ҳамон мусалмонест, ки аз дасту забони ӯ касе озоре наёбад. Яке аз ҳуқуқи […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Фарҳанг

ИЗТИРОБ

Вақте ки кӯчаҳои пуродаму сернақлиёти Мирзо Турсунзодаву Парпӣ Тоҷиев (атрофи Бозори марказӣ, бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» ва назди Муҷассамаи Мирзо Турсунзода)-и шаҳрамон ба тартиб омад, мардум аз ин шод шуд. Баробари ин ба таъмири ҷӯйборҳои атроф ва роҳҳои пиёдагард кор шуруъ гардид. Дар канори роҳҳо гулдонҳо гузошта, дар онҳо гул шинонданд. Ва кӯчаҳоро зеб доданд. […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ШАҲРИ АЗИЗАМ ҲУСНИ ДИГАР ГИРИФТА…

Шаҳри Турсунзода сол аз сол рушд меёбаду обод мешавад ва яке аз шаҳрҳои мутараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар давоми се моҳи соли  равон куллан тағйир ёфтааст. Инро сабабе ҳаст. Чун марди меҳантдӯст Вализода Абдуқодири Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин шуда, фаъолияташро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Пешвои миллат аз корҳои ободонӣ оғоз […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ТАМОКУКАШӢ – ЗАРБА БА САЛОМАТӢ ВА БУҶАИ ОИЛА

      Тамоку ва зарари он. Дар ин хусус маротибаҳо мутухассисону табибон ва олимон гуфтаанд ва мегӯянд. Бо далелу исботҳо. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо сабаби тамокукашӣ ҳамасола дар ҷаҳон 6 миллион нафар мемиранд. Заҳри тамоку ба сар задани бемориҳои шуш, дилу рагҳо, саратон ва ғайра омил мешавад. Даҳшат!   Дар ҷумҳурии мо теъдоди сигоркашу […]

Иҷтимоиёт

КИТОБИ НАВ

Чанде қабл китоби нави корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми тиб Муродов Файзулло ва Муродов Камолиддин  бо номи «Андешаҳои хирадмандона, иқтибосу фармудаҳо дар бораи солимӣ, тиб ва табибон» бо забони русӣ ба нашр расид. Китоб аз 190 саҳифа иборат буда, саршори ҳикмат аст.  Дар китоб хизматҳои арзишманди табибон ҳамаҷониба инъикос ёфта, таърихи илми тиб […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

Муроҷиатномаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф ба сокинони шаҳри Турсунзода

  Ҳамдиёрони азиз! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд, ки ин санади муҳим барои ҳар як шаҳрванд роҳнамои зиндагониву фаъолият буда, дар амал татбиқ намудани он омили пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеа  арзёбӣ мегардад.  Ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, эълон […]

Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат

СУҲБАТ БО МАРДУМ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бо аҳолӣ вохӯриҳо баргузор намуда, аз вазъи рушди иҷтимоии ҳудуди деҳот шиносоӣ пайдо намуд. Дар ин раванд Абдуқодир Вализода фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳангиро дар маҳал мавриди санҷиш қарор дода, вобаста ба рафъи камбудиҳо дар ин самт ва дигар масоили мубрами рӯз […]

Иҷтимоиёт Хабарҳо

ЭЪЛОН-ОЗМУН

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу  тарғиби моҳияти «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бахшида ба 30-солагии ташкилёбии мақомоти ҳифзи муҳити зист дар байни кормандони воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Турсунзода озмуни ҷумҳуриявӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Табиати Турсунзода-макони сайёҳӣ» эълон менамояд.  Журналистон ва мутахассисони соҳа мақолаҳои худро  то санаи […]