«Шаби 26-октябри соли 1993 аъзои силоҳбадасти ҲНИТ бо сарварии Абдуразоқ Муллоев (лақабаш «Кӯри Абдуразоқ») вориди хонаи сокини шаҳри Норак Субҳон Донахонов гардида, бо роҳи зурӣ, бо таҳдиди куштори тамоми хонавода ӯро аз назди тифлакон ва завҷаи меҳрубонаш, иҷборан берун менамоянд. Силоҳбадастон устоди азизу гиромиро шабонгаҳ болотар аз маҳаллаи Лангар бурда, мавриди лату куб, таҳқиру шиканҷа […]
Иҷтимоиёт
ФАРЗИЯТИ РӮЗА ВА МАНОФИЪИ ОН
Сад шукри Худо аз нав моҳи Рамазон омад, Хушнудиву пирӯзӣ бар пиру ҷавон омад. Дилҳо зи фараҳ саршор к-омад моҳи истиғфор, Озодӣ зи сӯзи нор, бар пиру ҷавон омад. Ин моҳи сафо бошад ҳам моҳи дуъо бошад, Олам ҳама нурафшон чун ҷони ҷаҳон омад. Фарз аст азизи ман ин рӯза ба марду зан, Ҳам қӯввати […]
ЭҲТИЁТ ШАВЕД! ПЕШНИҲОДИ «ДӮСТӢ», БАҲСҲОИ МАЗҲАБӢ – НИШОНАИ АВВАЛИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӯҲҲОИ ИФРОТГАРО
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда буданд, ки муборизаро бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ содир мегарданд, ҷоннок намоянд. Чанд моҳи охир паҳншавии маълумоти дурӯғ ва дастраси дигарон гардидани маълумоти шахсии корбарон дар Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба […]
ВАҲДАТ – ИФОДАГАРИ ЯГОНАГӢ
Бисту як сол муқаддам бо талошҳои хастанопазир ва иқдомҳои ҷавонмардонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ба Ваҳдати миллӣ расидем. Яъне 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санаи бузурги таърихӣ дар тақвими миллати мо ҳамчун […]
ТОҶИКИСТОН ХОНАДОНИ ҶОВИДОНИ ВАҲДАТ АСТ
Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои маҳбубтарин мардуми Тоҷикистон аст. Тӯли 22 сол аст, ки мардуми кишварамон ба хотири сазовор истиқбол намудани ин санаи фархунда ва ҷиҳати омодагиҳо ба ин ҷашн бунёдкориву ободониҳоро анҷом медиҳанд. Чунин тадбирҳо агар аз як ҷониб бо хотири сазовор истиқбол намудани ин санаи фархунда амалӣ гарданд, аз ҷониби дигар, дастгирии сиёсати […]
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА
Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон шуда, тавозуни он аз байн меравад. Ҳамзамон коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб ёфта, боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад. Бо […]
БАҲРИ ОБОДИВУ СОЗАНДАГӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади шарҳи муҳтавои мулоқоти муҳтарам Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли 2018 дар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин баргузор шуд, нақшаи чорабинӣ тартиб дода, силсилаи вохуриҳоро баргузор намуд. […]
АМАЛИЁТИ «КУКНОР-2018»
Ҳамасола бо мақсади ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ–пешгирикунанда миёни сокинони кишвар амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад. Бо мақсади татбиқи пешниҳоди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз 19 апрели соли 2018, №6132(31-6) доир ба ин масъала қарори раиси шањри Турсунзода «Дар бораи […]
ЁДИ ШОИРИ ШАҲИР
Ёди ту, эй шоири ширинкалом, Рӯи дунёро мунаввар мекунад. Бемуҳобо шеъри нобу дилкашат, Ҷумла дилҳоро мусаххар мекунад. (Абдуқаҳҳори Қосим) Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоѓи ноҳияи Ҳисор дар оилаи дуредгар таваллуд шудааст. Соли 1930 дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» […]
ҶӮРАБЕКОВ МАҲМАДНАИМ: ҲАР КАСЕ, ҚАСДИ ГУРЕХТАН КАРДА, БА ДАСТ МЕАФТАД…
Шоҳиди амалиётҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия Ҷӯрабеков Маҳмаднаим зимни як вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода доир ба чӣ гуна ба Сурия рафтану аз онҷо баргаштан нақл кард. Аз нақли Ҷӯрабеков Маҳмаднаим: “ Дар Россия аз соли 1998 кор мекардам. Соли гузашта бо мақсади аз нав кардани қайди ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ сарҳади Федератсияи Россияро бо давлати Туркия гузаштам. Дар […]