Аҳолӣ Вохӯри бо ҷамоат Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ 10-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам баргузор шуд. Дар ин замина раиси шаҳр ба масъулин вобаста ба сари вақт мавриди баррасӣ қарор додани арзу дархости шаҳрвандон супориш дода, таъкид намуд, ки муроҷиатҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва […]

Иҷтимоиёт Хабарҳо

КӮМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо ташаббуси мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Тарсунзода ва дастгирии соҳибкори саховатпеша Муҳаммадиев Шавкат-роҳбари хоҷагии деҳқонии “Абдулло”  ба 150 оилаи ниёзманди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ба ҳар як оилаи ниёзманд 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ ва 2 кг гӯшт эҳсон гардид. Тибқи маълумоти […]

Иҷтимоиёт Хабарҳо

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар самти кӯмак ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам маъюбони деҳоти Сешанберо аёдат ва аз лиҳози моддиву маънавӣ онҳоро дастгирӣ намуданд. Раиси шаҳр зимни суҳбат изҳор доштанд, ки ниёзмандону маъюбон зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, мунтазам ба ғамхориву кӯмак фаро гирифта мешаванд. Бо […]

Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА СУҲБАТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СЕШАНБЕ

Қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам имрӯз дар деҳаи Самарқанди Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Аз ҷониби сокинони маҳал ба раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои таъмири пули байнидеҳавӣ, ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ, таъмини маъюбон бо аробачаи маъюбӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаи ниёзманд,ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди манзили […]

Хабарҳо

САРДОРИ РАЁСАТИ БОЙГОНИИ ДАВЛАТИИ ТУРКИЯ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Раёсати бойгонии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия Угур Унал дар роҳбаладӣ бо сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Салмон Лангарӣ бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни кори бойгонӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Меҳмононро муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия пазироӣ намуд. Дар ибтидо ҷиҳати шиносоӣ бо […]

Маориф Хабарҳо

БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо мақсади шиносоӣ бо сатҳи дониши хонандагон, савияи дониш ва малакаи омӯзгорон, вазъи таълиму тарбия ва давраи зимистонгузаронӣ аз муассисаи таълимии №56 дидан намуданд. Раиси шаҳрзимни суҳбат иброз намуданд, ки ҷавонон насли ояндасозу маориф таҳкимбохши пояҳои давлатдорист, аз ин лиҳоз, хусусан аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки […]

Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА СУҲБАТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОБОД

Имрӯз дар деҳаи Шодмони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам баргузор шуд. Сокинони маҳал мусоидати раиси шаҳрро барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бинои нави муассисаи таълимӣ, таъмини сутунпояҳо барои хатти нерӯи барқ, баргузории соҳилмустаҳкамкунӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаи ниёзманд ва дигар масъалаҳои […]

Хабарҳо

МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ ҒОДА ВОЛӢ МЕҲМОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ғода Волӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Пазироии меҳмони олиқадр дар шаҳри Турсунзода бо расму оини хуби тоҷикӣ, нону асал, гулдастаҳо ва савту навои дилошуб сурат гирифт. Меҳмони олиқадрро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода […]

Иқтисодиёт Хабарҳо

САФАРИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 40 нафар иштирокчиёни ин ҳамоиши иқтисодӣ имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам пазироӣ ва бо як қатор корхонаҳои саноатӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр шинос намуданд. […]

Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА СУҲБАТ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ ТУРСУН ТУЙЧИЕВ

Қабули сайёри раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев бо супоридани шаҳодатномаи таваллуд ба кӯдакон, супоридани шаҳодатномаи ақди никоҳ ба навхонадорон ва тақдими туҳфаҳо оғоз гардид. Баъдан як қатор сокинони деҳот бо арзу пешниҳоди худ ба раиси шаҳр муроҷиат наимуданд. Сокинони маҳал мусоидати раиси шаҳрро барои ҷудо намудани қитъаи […]