То соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода ба андозаи 537 гектар васеъ шуда, масоҳати умумии майдони қисматии марказии шаҳр 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод. Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Нақшаи нави генералии шаҳр бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба тасдиқи ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. «Дар нақшаи нави […]
Хабарҳо
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ
Раиси шаҳри Турсунзода минбаъд дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони Ҷамоатҳои деҳот иштирок менамояд. Чунин чорабинӣ санаи 25 январи соли равон дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият ба вуқуъ пайваст. Тавре, ки аён аст қабули шаҳрвандон, ҳалли муаммоҳои онҳо алҳол ба яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳатто сиёсии рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии […]
“ЗИ ҲУШАНГ МОНД ИН САДА ЁДГОР”
Сада ҷашни қадима буда, ба халқиятҳои ориёинажод мансуб аст. Тибқи солшумории мелодӣ ҷашнгириаш ба охири моҳи январ рост меояд. Аз рӯи солшумории шамсӣ бошад, Садаро 10-уми моҳи Баҳман таҷлил менамуданд. Сада аслан аз шумораи сад гирифта шудааст ва аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Аз рӯи гуфти Абурайҳони […]
ХАТАРИ ҲИЗБҲОИ ДИНӢ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» он ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмуъ, монеаи […]
АМРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
АМРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА “Дар бораи гузаронидани озмуни “Беҳтарин қитъаи гулкорӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода” аз 24 январи соли 2018 №12 шаҳри Турсунзода Бо мақсади кабудизоркунию ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” амр медиҳам: Озмуни […]
ОБ ҲАЁТ АСТУ БЕОБӢ МАМОТ
Об муҳимтарин унсури кимиёвӣ ба шумор меравад ва он ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳасту ҳаёт. Бояд дар масъалаи тоза нигоҳ доштани об ҳамчун асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам, аз оила сар карда, то боғчаҳо ва дабистону донишгоҳҳо фарзандони худро тарбия намоем. Ба ҳар як кӯдак фаҳмонем, ки бо шарофати ин неъмати бебаҳо Тоҷикистони азизи мо […]
НАЗАРИ ИСЛОМ БА ХУДКУШӢ
Инсон вақте ба дунё меояду соҳибақл мегардад, агар аз як тараф соҳиби тақдири зиндагонии заминиаш бошад, аз тарафи дигар бояд фаромӯш насозад, ки ҳаёти ӯ барои наздикону пайвандон ва ҷомеа бештар зарур аст. Ҳар як инсон дар масири ҳаёти худ ба мушкилоту имтиҳоноти сахт рӯ ба рӯ мегардад. Муаммои асосӣ маҳз дар ҳамин ҳолат пайдо […]
ТЭТ ҲНИТ- ҚОТИЛИ ЖУРНАЛИСТОН ВА ДУШМАНИ ОЗОДИИ СУХАН
Чанде пеш дар шабакаи Ютуб навореро тамошо кардам, ки чанд сол қабл аз тӯи яке аз роҳбарони ТЭТ ҲНИТ сабт шудааст. Дар он дида мешавад, ки роҳбарони ҲНИТ ва думравонашон болои кати пурнозу неъмат нишастаанду “амри маъруф” мекунанд. Диққати маро дар навор ҳузури чеҳраҳои ошно – як идда журналистон ҷалб намуд. Ҷолиб он аст, […]
ҶАВОНОНРО АЗ АМАЛУ РАФТОРИ НОҶО НИГОҲ ДОРЕМ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гарид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор […]
САМТҲОИ ГУНОГУНИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа меҳисобад. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми […]