Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нафарони ба Ватан баргардонида шударо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Бо дархости ҷониби Қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.
Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд ҳанӯз се сол қабл бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд. Дар ин муддат Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.