Хабарҳо Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МУЗОКИРОТИ СОДИРОТИ АНГУРИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ҚАЗОҚИСТОН

print
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода пазироӣ намуданд.
Дар ибтидо ҳайати тоҷирон аз токзори “Боғи Сомон” дидан намуда, дар ин замина байни роҳбарияти шаҳр ва хоҷагидорон доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон музокирот баргузор шуд. Сардори хоҷагӣ Камолов Маҳмадамин доир ба парвариши беш аз 10 намудаи ангури хушсифат ва имкониятҳои содиротии маҳсулот маълумот манзур намуд. Баъд аз мубодилаи афкори тарафҳо тоҷирони Қазоқистон ҷиҳати содироти 3000 тонна ангур омодагии худро изҳор доштанд.
Дар идома гурӯҳи корӣ аз хоҷагии “Ватан” дидан намуданд. Роҳбари хоҷагӣ Усмонов Расул меҳмононро бо парвариши навъҳои нави ангур ва тарзи нигоҳдории ҳосил дар сардхона маълумо манзур кард.
Баъдан шиносоии меҳмонон аз токзори ХД “Акрамхон” идома ёфта, роҳбари хоҷагӣ Мамадхонов Акрамхон вобаста ба навъҳои ангури токзори хоҷагӣ маъмуот манзур намуд.
Баъд аз шиносоӣ бо токзорҳо тоҷирони Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолияти токпарварон ва сифати ангури шаҳри Турсунзода баҳои баланд дода, омодагии ҳамкориро дар самти содироти ангур изҳор доштанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *