Дар доираи сиёсати дӯстонаю бародаронаи ду ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нашри муштараки ҳафтаномаҳои “Диёри Турсунзода” – и шаҳри Турсунзода ва “Сариосиё”-и ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз чоп баромад.
Боиси зикр аст, ки ин аввалин шумораест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ҳамкории муштараки аҳли эҷоди ҳар ду нашрия рӯи чоп омад.
Дар нашрияи муштарак доир ба дастоварду навгониҳои самтҳои гуногуни хоҷагии халқи сокинони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Сариосиё дар даврони соҳибистиқлолӣ, тараннуми дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек, чакомаи хомаи адибон ва дигар масъалаҳо доир ба зиндагонии сокинони ҳамсоядавлатҳо рӯи чоп омадааст.
Махмадали Махмадшоев, Сайёхии Шахри Турсунзода и ещё 9
Поделились: 9