Муҳтарам ҷавонони шаҳри Турсунзода!
Фарзандони азиз!
Боиси ифтихору шукргузорист, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу амонӣ ва рӯзгори осоишта дар саросари Тоҷикистони азиз бо суруру шодмонӣ таҷлил гардида истодааст.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тамоми ҷавонони шаҳрро самимона муборакбодӣ намуда, тансиҳативу иқбол ва ҷиҳати хизмат ба халқу Ватан садоқатмандиро томанно дорем.
Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат маҳсуб гардида, дар рушду пешрафти ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои милливу давлатӣ пешрафти илму фарҳанг нақши бағоят бузург доранд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон чун насли ояндасози миллат таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Дар кишвар барномаву нақшаҳои созанда доир ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон тарҳрезӣ ва ҷиҳати тарбияву ташаккули афкори ҷавонон равона гардидаанд, то ки насли ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд. Ҷавонони Ватан дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона меҳнати босамар намуда истодаанд. Хусусан, мавқеи ҷавонон дар хизмати Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ, муҳофизи марзу буми кишвар ва таъмингари суботу оромии ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Яке аз вазифаи муқаддаси ҷавонон омӯзиши илму дониш ва андӯхтани касбу ҳунар буда, дар ин самт зери таваҷҷуҳи хирадмандони муҳтарам Пешвои миллат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва хориҷ муваффақона таҳсил намуда, барои омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир дар талош ҳастанд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд.
Боиси сафарозист, ки дар шаҳри Турсунзода беш аз сад ҳазор ҷавон зиндагонӣ намуда, бо иштироки фаъолона дар пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқ саҳми муассир доранд.
Бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи донишандӯзиву касбомӯзӣ дар шаҳри Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати фарогирии ҷавонон ба илму дониш литсейи Президентӣ, барои варзишгарони муваффақ стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр ва квотаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил дар таълимгоҳҳои олии дохил ва хориҷи кишвар таъсис гардидаанд.
Ҳифзи Ватан ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавон маҳсуб ёфта, боиси ифтихор аст, ки дар шаҳри Турсунзода сафи ҷавонони далеру ватандӯст зиёд аст. Хизмат ба Ватанро шарафу иқбол арзёбӣ намуда, имрӯзҳо беш аз ҳазор нафар ҷавонони мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандиро ба ҷо оварда истодаанд, ки боиси сарфарозии волидон ва намунаи ибрати насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Ҷавонони азиз,
Саҳми ҷавононро дар татбиқи ҳадафҳои муҳими давлатӣ баланд арзёби намуда, муҳтарам Пешвои миллат ба ҷавонон, ҳамчун қувваи бузурги созанда ва ободгарони Ватан эътимод дошта, нисбат ба мавқеи созандаи ҷавонон дар ҷомеа фармудаанд: “Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад. Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии Ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд”.
Ҷавонони азиз,
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони шаҳри Турсунзода дар озмуну сабқатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷоизаҳои бонуфуз гардида, Парчами давлатии Ватани маҳбубро баланд афрохтаанд ва имрӯзҳо низ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии шаҳр мавқеи хоса дошта, боварии комил дорем, ки минбаъд низ эътимоди муҳтарам Пешвои миллатро сазовор буда, шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор медиҳанд. Ҷавонони мо дар оянда низ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар боз ҳам бештар заҳмат кашида, барои рушди устувори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар тамоми ҷавонони бонангу номуси диёрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори Рӯзи ҷавонон муборакбодӣ намуда, хонишу дониш, эҳсоси баданди ватандорӣ, бахту иқбол ва азму иродаи қавиро орзу менамоем.
Бигзор офтоби сулҳу амният дар фазои Ватани азизи нурафшон ва Парчами якдиливу ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол партавфишон бод!
Ҳамеша солиму муваффақ бошед!
Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!